Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Grand Slam Abu Dhabi 2018, ки рӯзҳои 27-29-уми октябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абу-Даби -- доир гардид, ноком шуданд.
Чунонки сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 346 варзишгар (214 мард ва 132 зан) аз 62 кишвари панҷ қитъаи олам иштирок карданд.
Паҳлавонони тоҷик соли гузашта низ дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Grand Slam Abu Dhabi 2017 бе медал монда буданд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов шаш варзишгар шомил буд, ки дар сабқати мардон ширкат варзиданд: Мирзоҷамил Рамазонов, Раҳматуллобек Фарҳодов (ҳарду дар вазни то 73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг) ва Хуршед Маҷидов (+100 кг).
Мирзоҷамил ва Ҷаҳонгир як пирӯзӣ ба даст оварданд, вале чаҳор гуштигири дигари тоҷик дар аввалин рақобати худ шикаст хӯрданд.
Ба ҷуз медалҳо, ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ
ҷоизаҳои молӣ супурда шуд: барои ҷойи 1-ум - 5000 доллар, барои ҷойи 2-юм - 3000 доллар ва барои ҷойҳои 3-юм - 1500-долларӣ.
Инчунин ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ мувофиқи ҷойҳои ишғолкардаашон соҳиби имтиёзҳои олимпӣ гардиданд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Гурҷистон бо касби 3 медали тилло ҷойи аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Русия бо касби 2 медали тилло, як нуқра ва як биринҷӣ ҷойи дуюм ва мунтахаби Исроил бо касби ду медали тилло ва се биринҷӣ ҷойи сеюмро гирифтанд.
Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик соли гузашта низ дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Grand Slam Abu Dhabi 2017 бе медал монда буданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш гуштигир шомил буд, ки дар байни онҳо ду нафар - Комроншоҳи Устопириён ва Суҳроб Боқиев – натиҷаҳои хубтар нишон доданд. Комроншоҳ дар вазни зери 90 кило мақоми панҷум ва Суҳроб дар вазни зери 60 кило мақоми ҳафтумро соҳиб шуданд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи байналмилалии ҷудо Grand Slam Abu Dhabi 2018:
Мардон
60 кг
1. ПАПИНАШВИЛИ Амиран (Гурҷистон)
2. ГАРРИГОС Франсиско (Испания)
3. ҚИРҒИЗБОЕВ Гусман (Қазоқистон)
3. ЛУТФУЛЛОЕВ Шарифуддин (Узбекистон)
66 кг
1. МАРГВЕЛАШВИЛИ Важа (Гурҷистон)
2. СЕРИКЖАНОВ Йерлан (Қазоқистон)
3. ШЕРШАН Дмитрий (Беларус)
3. ШМАЙЛОВ Баруч (Исроил)
73 кг
1. ШАВДАТУАШВИЛИ Лаша (Гурҷистон)
2. ГҶАКОВА Акил (Косово)
3. МАКИАС Томми (Шведсия)
3. МОГУШКОВ Мусо (Русия)
81 кг
1. МУКИ Саги (Исроил)
2. КАССЕ Маттиас (Белгия)
3. ДЕ ВИТ Франк (Нидерланд)
3. ҲАМЗА Динор (Қазоқистон)
90 кг
1. ИГОЛКОВ Михаил (Русия)
2. ТОТХ Кристиан (Маҷористон)
3. КУКОЛҶ Александр (Сербия)
3. МЕҲДИЕВ Маммадалӣ (Озарбойҷон)
100 кг
1. ПАЛТЧИК Петер (Исроил)
2. ГАСИМОВ Элмар (Озарбойҷон)
3. БОРОДАВКО Евгений (Латвия)
3. ФРЕЙ Карл-Ричард (Олмон)
+100 кг
1. ТАСОЕВ Знал (Русия)
2. КРПАЛЕК Лукас (Ҷумҳурии Чех)
3. ГРОЛ Ҳенк (Нидерланд)
3. КРАКОВЕТСКИЙ Юрий (Қирғизистон)