Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор дастаи мунтахаби ҷавонон - дар нимфинали қаҳрамонии футболи Осиё-2018


Чаҳор дастаи мунтахаб - Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Арабистони Саудӣ, ки ба нимфинали қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони то 19-сола баромаданд, ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2019 роҳхат гирифтанд.

Дар чорякфинали мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни ҷавонони зери 19-сола дастаи Ҷопон тими Индонезияро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Дар бозии дигари чорякниҳоӣ мунтахаби Қатар дастаи Тайландро бо ҳисоби 7:3 шикаст дод. Замони асосии ин дидор бо ҳисоби мусовии 3:3 ба поён расид. Дар замони изофӣ қатариҳо чор гол зада, бозиро ба нафъи худ анҷом доданд.

Тими Кореяи Ҷанубӣ дар чорякфинал дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Футболбозони ҷавони тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ маҳрум шуданд.

Дар бозии охирини чорякниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни ҷавонони зери 19-сола шаби 29-уми октябр мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ тими Австралияро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард.

Ба ин тартиб, дар даври ниманиҳоӣ, ки рӯзи панҷшанбеи 1-уми ноябр доир мегардад, Қатар бо Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон бо Арабистони Саудӣ рӯбарӯ мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонони зери 19-сола дар Индонезия 4-уми ноябр ба поён мерасад. Дастаҳои мунтахаби Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Арабистони Саудӣ, ки ба нимфинали қаҳрамонии Осиё-2018 баромаданд, ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-20) роҳхат гирифтанд. Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни бозигарони то 20-сола соли оянда дар Лаҳистон баргузор мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонони зери 19-сола дар Индонезия

Чорякфинал

Кореяи Ҷанубӣ – Тоҷикистон – 1:0

Гол: Ҷон Се-Ҷин, 44.

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Ваҳдат Ханонов, Оятулло Сафаров, Манучеҳр Сафаров (Наимҷон Иброҳимзода, 77), Ҳусейн Нурматов, Шервонӣ Мабатшоев, Далер Ёдгоров (Маҳмадзарифи Абдураҳим, 58), Кароматулло Саидов, Шарафҷон Солеҳов, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (Алишер Баротов, 82).

Сармураббӣ: Мубин Эргашев.

Сардовар: Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал-Алӣ (Урдун).

Нозири доварон: Хоқон Аназ (Австралия).

Комиссари бозӣ: Май Анх Хоанг (Ветнам).

29-уми октябр. Бекаси (Индонезия). Варзишгоҳи «Патриот Цандрабага». 58 тамошогар.

Қатар Тайланд 7:3

Ҷопон Индонезия 2:0

Арабистони Саудӣ Австралия -3:1

Нимфинал

1-уми ноябр (панҷшанбе)

14:00 – Қатар – Кореяи Ҷанубӣ

17:30 – Ҷопон – Арабистони Саудӣ

Финал

4-уми ноябр (якшанбе)

17:30 – Ғолиби ҷуфти Қатар/Кореяи Ҷанубӣ – Ғолиби ҷуфти Ҷопон/Арабистони Саудӣ

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG