Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон ба нимфинали қаҳрамонии Осиё набаромад


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19), ки дар бозии чорякниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни ҷавонони зери 19-сола аз тими Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ маҳрум шуд.

Дар бозии чорякниҳоӣ муқобили тими Кореяи Ҷанубӣ, ки имрӯз, 29-уми октябр, дар варзишгоҳи "Патриот Сандрабага"-и шаҳри Бекасии Индонезия баргузор шуд, голи ягонаро Ҷеон Сеҷин дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 44-ум, ба самар расонд. Ӯ бо тӯб ба ҷаримагоҳ ворид шуда, зуд зарба зад. Дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Шоҳрух Қирғизбоев маҷбур шуд, ки тӯбро аз дохили дарвоза бигирад.

Ду бозии аввали чорякниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни ҷавонони зери 19-сола 28-уми октябр доир шуд. Дастаи Ҷопон тими Индонезияро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Голҳоро Шунки Ҳигашӣ (дақиқаи 40-ум) ва Таисеи Мияширо (дақиқаи 70-ум) ба самар расонданд.

Дар бозии дигари чорякниҳоӣ мунтахаби Қатар дастаи Тайландро бо ҳисоби 7:3 шикаст дод. Замони асосии ин дидор бо ҳисоби мусовии 3:3 ба поён расид. Голҳои тими Қатарро Ҳошим Алӣ (дақиқаи 13-ум), Носир Ал-Язидӣ (21) ва Аҳмад Суҳайл (87), голҳои дастаи Тайландро Коравич Таса (48), Сакунчаи Сенгзофо (61) ва Зирапак Пруенгна (80) заданд.

Дар замони изофӣ қатариҳо чор гол зада, бозиро ба нафъи худ анҷом доданд. Абдулрашид Умар ду гол (дақиқаҳои 99-ум ва 117-ум), Халид Мансур (106) ва Юсуф Айман (120) якголӣ ба дарвозаи мунтахаби Тайланд ворид карданд.

Бозии охирини чорякниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни ҷавонони зери 19-сола бегоҳи имрӯз, 29-уми октябр, байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ ва Австралия баргузор мешавад.

Ба ин тартиб, то ҳоло се дастаи ширкаткунандаи даври ниманиҳоӣ, ки рӯзи панҷшанбеи 1-уми ноябр доир мегардад, маълум аст. Дар даври ниманиҳоӣ Қатар бо Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон бо ғолиби ҷуфти Арабистони Саудӣ/Австралия рӯбарӯ мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонони зери 19-сола дар Индонезия 4-уми ноябр ба поён мерасад. Дастаҳои мунтахаби Қатар, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон, ки ба нимфинали қаҳрамонии Осиё-2018 баромаданд, ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-20) роҳхат гирифтанд. Барои роҳхати чорум дастаҳои мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ ва Австралия мубориза мебаранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонони зери 19-сола дар Индонезия

Чорякфинал

28-уми октябр (якшанбе)

Қатар – Тайланд – 7:3 (3:3 - замони асосӣ)

Ҷопон – Индонезия – 2:0

29-уми октябр (душанбе)

Кореяи Ҷанубӣ – Тоҷикистон

17:30 – Арабистони Саудӣ – Австралия

Нимфинал

1-уми ноябр (панҷшанбе)

14:00 – Қатар – Кореяи Ҷанубӣ

17:30 – Ҷопон – Ғолиби ҷуфти Арабистони Саудӣ/Австралия

Финал

4-уми ноябр (якшанбе)

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG