Марҳилаи аввали мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2019 миёни дастаҳои мунтахаби занонаи то 19-сола дар гурӯҳи «D» рӯзи 28-уми октябр ба анҷом расид.
Мусобиқаи гурӯҳи “D” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ширкати дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ, Тайбейи Чин ва Бангладеш баргузор шуд.
Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки дар ҳарсе бозӣ пирӯзӣ ба даст овард, бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб намуд ва соҳиби роҳхат ба марҳилаи дуюми мусобиқа гардид. Мунтахаби Тайбейи Чин бо 6 имтиёз дар ҷойи дуюм ва тими Бангладеш бо 3 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-19), ки дар ин мусобиқа бо раҳбарии сармураббӣ Қаноат Латипов ширкат варзид, бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд. Футболбоздухтарони тоҷик дар ҳарсе бозӣ аз тими Тайбейи Чин бо ҳисоби 0:7, аз дастаи Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:3 ва аз мунтахаби Бангладеш бо ҳисоби 1:5 шикаст хӯрданд.
Марҳилаи аввали мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 миёни бозигарони то 19-сола бо ширкати 24 дастаи мунтахаби занона дар 6 гурӯҳ барпо гардид. Ба марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019, ки аз 22-юм то 30-юми апрели соли оянда доир мешавад, дастаҳои мунтахаби занонаи Австралия, Эрон, Лубнон, Мянмар, Непал, Кореяи Ҷанубӣ, Узбекистон ва Ветнам роҳ ёфтанд.
Марҳилаи аввали мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 миёни духтарони то 19-сола
Гурӯҳи «D»
Натиҷаҳои бозиҳо
Даври 1-ум
24-уми октябр (чоршанбе)
Кореяи Ҷанубӣ – Бангладеш – 7:0
Тайбэйи Чин – Тоҷикистон – 7:0
Даври 2-юм
26-уми октябр (ҷумъа)
Бангладеш – Тайбэйи Чин - 0:2
Тоҷикистон – Кореяи Ҷанубӣ – 0:3
Даври 3-юм
28-уми октябр (якшанбе)
Кореяи Ҷанубӣ – Тайбэйи Чин – 4:0
Тоҷикистон – Бангладеш – 1:5
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи «D»
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Кореяи Ҷанубӣ |
3 |
3 |
0 |
0 |
14-0 |
9 |
2 |
Тайбэйи Чин |
3 |
2 |
0 |
1 |
9-4 |
6 |
3 |
Бангладеш |
3 |
1 |
0 |
2 |
5-10 |
3 |
4 |
Тоҷикистон |
3 |
0 |
0 |
3 |
1-15 |
0 |