Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" бори ҳафтум барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд


Дастаи футболи “Истиқлол-и Душанбе, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2018 тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, бори ҳафтум ғолиби ин мусобиқот гардид.

  • Бозии ниҳоӣ рӯзи 27-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бо ҳузури бештар аз 15 ҳазор тамошогар баргузор шуд.
Ба дастаи ғолиб - “Истиқлол”-и Душанбе - ба ҷуз мукофоти асосӣ – Ҷоми Тоҷикистон, инчунин медалҳои тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ, ба финалист - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода - медалҳои нуқра ва 20 ҳазор сомонӣ супурда шуд.

Нимаи аввали дидор бидуни гол хотима ёфт. Баъди танаффус бозӣ бо ҳуҷумҳои пайиҳами “Истиқлол” шуруъ шуд ва дар муддати панҷ дақиқа ба душанбегиҳо муяссар гардид, ки тӯбро ба дарвоза ворид намоянд.

Комрон Турсунов, ҳамлагари “Истиқлол”, дар дақиқаи 60-ум бо зарбаи сахт берун аз ҷаримагоҳ, аз масофаи 18 метр, тӯбро ба кунҷи рости поёнии дарвоза зад. Дарвозабони “Регар-ТадАЗ” Рустам Ризоев маҷбур шуд, тӯбро аз тӯри дарвозааш бигирад. Ин голи ягона ба “Истиқлол” пирӯзӣ овард.

Ба ин тартиб, дар ин бозии ҳалкунанда “Истиқлол” зери раҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Алишер Тухтаев рақиби худ - “Регар-ТадАЗ”-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард ва барои бори ҳафтум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид.

Сайёдҷон Зайниддинов, беҳтарин довари мавсими соли гузашта, сардовари бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон буд.

Маблағи ҷавоизи бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 50 ҳазор сомониро ташкил медод. Ба дастаи ғолиб - “Истиқлол”-и Душанбе - ба ҷуз мукофоти асосӣ – Ҷоми Тоҷикистон, инчунин медалҳои тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ, ба финалист - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода - медалҳои нуқра ва 20 ҳазор сомонӣ супурда шуд.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 27-ум баргузор шуд. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – ҳафт бор - “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода шаш бор, “Хуҷанд”-и Хуҷанд чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Ҷоми Тоҷикистон. Финал

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 1:0

Гол: Комрон Турсунов, 60.

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Аҳтам Назаров, Артём Барановский, Сиёвуш Асроров, Шаҳром Сулаймонов, Табрези Давлатмир, Амирбек Ҷӯрабоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нозим Бобоҷонов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (Дилшод Восиев, 86).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Рустам Ризоев, Далерҷон Тухтасунов, Бахтиёр Қаландаров, Ойбек Абдуғаффоров, Акбар Бобомуродов, Сафаралӣ Каримов, Абдусамад Ҳоҷибоев (Шерзод Маҳамадиев, 71), Хайрулло Азизов, Фарҳод Холбеков, Ҳикматулло Расулов, Амирҷон Сафаров (Парвиз Қурбоналиев, 64).

Огоҳӣ гирифт: Ойбек Абдуғаффоров («Регар-ТадАЗ»).

Бозигари беҳтарини дидор: Комрон Турсунов: («Истиқлол»)

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ёваронаш: Ҳамза Шоймардонов (Хуросон), Исмоил Нуралиев (Норак).

Довари эҳтиётӣ: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Доварони иловагӣ: Насрулло Кабиров (Норак), Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

Нозири доварон: Юсуф Эшматов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Душанбе).

27-уми октябр. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ. 15 145 тамошогар.

НАТИҶАҲОИ ҲАМАИ БОЗИҲОИ НИҲОИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН (1992 – 2018):

  • 1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
  • 1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3
  • 1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
  • 1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
  • 1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
  • 1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
  • 1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
  • 1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2
  • 2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
  • 2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
  • 2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
  • 2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
  • 2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0
  • 2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1
  • 2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
  • 2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0
  • 2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
  • 2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1
  • 2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
  • 2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
  • 2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6
  • 2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
  • 2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
  • 2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5
  • 2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
  • 2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
  • 2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG