Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон ба чорякфинали қаҳрамонии Осиё баромад


Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо вуҷуди он ки дар даври охирини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни ҷавонони зери 19-сола дар гурӯҳи "D" аз тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Рақиби Тоҷикистон дар чорякфинал тими Кореяи Ҷанубӣ, ғолиби гурӯҳи “С”, мебошад.

Дар бозии охирини сабқати гурӯҳӣ муқобили тими Арабистони Саудӣ, ки шаби ҷумъаи 26-уми октябр дар варзишгоҳи "Патриот Сандрабага"-и шаҳри Бекасии Индонезия баргузор шуд, ҳисобро футболбозони ҷавони тоҷик боз карданд. Тӯби аз самти чапи майдон ҳавододаи Далер Ёдгоровро ҳамлагар Шериддин Бобоев дар дақиқаи 28-ум аз масофаи наздик бо зарбаи сар вориди дарвоза кард.

Голи ҷавобиро Сафӣ Муҳаммад Ал-Зақарта дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 64-ум зад. Ӯ тӯбро аз ҷаримагоҳ, аз масофаи наздик, ба ҳадаф расонд. Баъди шаш дақиқа боз Сафӣ Муҳаммад Ал-Зақарта айнан аз чунин ҳолат тӯби дуюмро ба тӯри дарвоза зад. Дар дақиқаи 73-юм боз як ҳуҷуми арабҳо бо гол анҷомид. Ҳамин тариқ, бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба нафъи мунтахаби Арабистони Саудӣ хотима ёфт.

Дар бозии дигари гурӯҳи “D” имрӯз, 26-уми октябр, мунтахаби Чин бар тими Малайзия бо ҳисоби 2:0 ғолиб шуд. Голи аввалро Тао Қианглонг дар дақиқаи охирини нимаи аввали дидор зад. Ё Ҳу дар дақиқаи 50-ум ҳисобро афзун намуд.

Ба ин тартиб, пас аз натиҷагирии бозиҳои даври охирин дар гурӯҳи "D" дастаи мунтахаби ҷавонони Арабистони Судӣ бо 9 имтиёз ҷойи аввалро касб намуд. Мунтахаби Тоҷикистон бо чаҳор имтиёз дар ҷойи дуюм монд. Ҳарду даста ба чорякфинал баромад.

Дар даври чорякниҳоӣ Арабистони Саудӣ бо Австралия, ки дар гурӯҳи “С” мақоми дуюмро касб кард, рӯбарӯ мешавад. Рақиби Тоҷикистон дар чорякфинал тими Кореяи Ҷанубӣ, ғолиби гурӯҳи “С”, мебошад.

Дастаи Чин, ки бо се имтиёз дар ҷойи сеюм ва тими Малайзия, ки бо як имтиёз дар ҷойи чорум қарор гирифтанд, аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ маҳрум шуданд.

Ҳамакнун дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонони зери 19-сола, ки дар Индонезия то 4-уми ноябр идома мекунад, барои чор роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-20) ҳашт даста мубориза мебарад. Дар ду бозии дигари чорякфиналӣ Қатар бо Тайланд ва Ҷопон бо Индонезия рақобат мекунанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 дар Индонезия:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Ҳомидҷон Исҳоқов (ҳарду аз «Барқчӣ»), Меҳвар Сулаймонов (бозигари озод);

Ҳимоятгарон: Алишер Баротов, Наимҷон Иброҳимзода (ҳарду аз «Хатлон»), Ҳусейн Нурматов, Султоншо Мирзоев, Ваҳдат Ханонов, Ҳувайдои Гулмурод, Оятулло Сафаров, Манучеҳр Сафаров, Маҳмадзарифи Абдураҳим (ҳама аз «Барқчӣ»);

Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов, Абдулмуъмин Забиров, Саидмухтор Азимов, Шервонӣ Мабатшоев, Далер Ёдгоров, Зиёвуддин Фузайлов (ҳама аз «Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Барқчӣ»).

Сармураббӣ - Мубин Эргашев.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни ҷавонон (U-19)

Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

20-уми октябр (шанбе)

Арабистони Саудӣ – Малайзия – 2:1

Тоҷикистон – Чин – 1:0

Даври 2-юм

23-юми октябр (сешанбе)

Чин – Арабистони Саудӣ – 0:1

Малайзия – Тоҷикистон – 2:2

Даври 3-юм

26-уми октябр (ҷумъа)

Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон – 3:1

Чин – Малайзия – 2:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи “D

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Арабистони Саудӣ

3

3

0

0

6-2

9

2

Тоҷикистон

3

1

1

1

4-5

4

3

Чин

3

1

0

2

2-2

3

4

Малайзия

3

0

1

2

3-6

1

Гурӯҳи «А»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Қатар

3

2

0

1

11-7

6

2

Индонезия

3

2

0

1

9-7

6

3

Имороти Муттаҳидаи Араб

3

2

0

1

3-7

6

4

Тайбэйи Чин

3

0

0

3

2-15

0

Гурӯҳи «В»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ҷопон

3

3

0

0

13-3

9

2

Тайланд

3

1

1

1

6-7

4

3

Кореяи Шимолӣ

3

1

0

2

4-7

3

4

Ироқ

3

0

1

2

3-9

1

Гурӯҳи «С»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Кореяи Ҷанубӣ

3

2

1

0

7-3

7

2

Австралия

3

1

2

0

4-3

5

3

Урдун

3

1

1

1

4-5

4

4

Ветнам

3

0

0

3

3-7

0

Гурӯҳи “D

Даври 3-юм

Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон – 3:1

Голҳо: Шериддин Бобоев, 28 (0:1). Сафӣ Муҳаммад Ал-Зақарта, 64 (1:1). Сафӣ Муҳаммад Ал-Зақарта, 70 (2:1). Фараҷ Абдулло Ал-Гхашаян, 73 (3:1).

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Алишер Баротов, Оятулло Сафаров, Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Сафаров, Шервонӣ Мабатшоев (Султоншо Мирзоев, 80), Далер Ёдгоров (Наимҷон Иброҳимзода, 74), Абдулмуъмин Забиров, Шарафҷон Солеҳов, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (Тоҳир Малодӯстов, 74).

Огоҳонида шуданд: Фараҷ Абдулло Ал-Гхашаян (Арабистони Саудӣ), Эҳсони Панҷшанбе (Тоҷикистон).

Бозигари беҳтарини дидор: Сафӣ Муҳаммад Ал-Зақарта (Арабистони Саудӣ).

Сардовар: Умар Муборак Ал-Яъқубӣ (Умон).

Нозири доварон: Ҷон Чиа (Сингапур).

Комиссари бозӣ: Шун Китамура (Ҷопон).

26-уми октябр. Бекаси (Индонезия). Варзишгоҳи «Патриот Сандрабага». 170 тамошобин.

Чорякфинал

28-уми октябр (якшанбе)

14:00 – Қатар – Тайланд

17:30 – Ҷопон – Индонезия

29-уми октябр (душанбе)

14:00 – Кореяи Ҷанубӣ – Тоҷикистон

17:30 – Арабистони Саудӣ – Австралия

Нимфинал

1-уми ноябр (панҷшанбе)

14:00 – Ғолиби ҷуфти Қатар/Тайланд – Ғолиби ҷуфти Кореяи Ҷанубӣ/ Тоҷикистон

17:30 – Ғолиби ҷуфти Ҷопон/Индонезия – Ғолиби ҷуфти Арабистони Саудӣ/Австралия

Финал

4-уми ноябр (якшанбе)

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG