Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болтон гуфт, ИМА нисбат ба Русия баъди соли 2008 таҳрим ҷорӣ кард


Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии ИМА гуфт, ки Вашингтон ҳамаи таҳримҳои заруриро алайҳи Русия дар посух ба ҷанг бо Гурҷистон дар соли 2008 ба кор бурдааст. Болтон дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Тифлиси Гурҷистон баъди сӯҳбат бо мақомоти баландпояи ин кишвар рӯзи 26 октябр гуфт, ки ИМА тамомияти арзӣ ва истиқлолияти Гурҷистонро пуштибонӣ мекунад.

Болтон гуфт: «Чанд навъи таҳрими зидди Русия побарҷост, аз ишғоли Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ дар соли 2008 сар карда ва дигар ҳодисаҳо. Ин таҳримҳо амал мекунанд. Намедонам, ки то куҷо мавзӯи Гурҷистон ҳам дар сӯҳбатҳои президентон Путин ва Трамп дар Париж матраҳ мешавад, чунки ин як мулоқоти кӯтоҳмуддат мешавад”.

Русия аз раҳбарияти ҷудоиталаби Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон пуштибонӣ кардааст. Августи соли 2008 Русия бо Тифлис давоми панҷ рӯз дар ҳолати ҷанг буд.

Дар паи эътироф кардани истиқлолияти ду ҷумҳурии ҷудоиталаб, Русия ба қаламрави ин кишварҳо нирӯ ворид кард. Вале бисёр кишварҳо дар минтақа ва ҷаҳон ҳеҷ гоҳ истиқлолияти ин ду ҷумҳуриро ба расмият нашинохтанд ва аз мавқеи Гурҷистон пуштибонӣ мекунанд, ки ин ҷумҳуриҳо аз ҷониби Русия ишғол шудаанд.

Болтон дар нишасти матбуотии Тифлис гуфт, ки Доналд Трамп президенти Русия Владимир Путинро ба Вашингтон даъват кардааст.

Баъди боздид аз Русия ва баррасии масъалаи нияти берун шудани Амрико аз созиши маҳви мушакҳо, Болтон аз Арманистон ва Гурҷистон дидан мекунад.

XS
SM
MD
LG