Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мудири пешини иҷроияи Бонки RBK дар Қазоқистон боздошт шуд


Асилбек Игилман, мудири иҷроияи пешини Бонки РБК бо айби "шустушӯи ғайриқонунии пулҳо" ҳабс шуд. Дар ин бора рӯзи 26 октябр додситонии кулли Қазоқистон хабар дод.

Мудири пешини бонк дар он гумонбар мешавад, ки дар ҳамдастӣ бо мушовири пешини раиси шӯрои мудирони бонк Жомарт Ертаев 850 миллион тангаро ғайриқонунӣ қарз додааст. Ба иттилои додситонӣ, "маблағи дуздидашуда миёни мудирон ва кормандони бонк тақсим шудааст". Ба гуфтаи тафтишот, Игилман "бо маблағҳои аз ин ҳисоб соҳибшудааш дар яке аз минтақаҳои маъруфи Алмато бо харҷи бештар аз 2,3 миллион доллар хона сохтааст".

Пештар аз ин чаҳор роҳбари дигари бонки мазкур бо айни ҳамин иттиҳом боздошт шуда буданд.

XS
SM
MD
LG