Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Саудӣ қатли тарҳрезишудаи Хошуқчиро эътироф карданд


Ҷамол Хошуқҷӣ
Ҷамол Хошуқҷӣ

Айбдоркунандагони давлатии парвандаи қатли рӯзноманигори мухолифи Саудӣ Ҷамол Хошуқчӣ гуфтанд, ки куштори рӯзноманигор аз пеш тарҳрезӣ шуда буд.

Рӯзи 25-уми октябр телевизионҳои давлатии Арабистони Саудӣ аз муфаттиши парвандаи марги Хошуқчӣ нақли қавл карданд. Муфаттиш гуфт, мақомоти давлатии Саудиву Туркия гумонбарон куштори рӯзноманигорро бозпурсӣ мекунанд. "Иттилои ҷониби Туркия тасдиқ мешавад, ки гумонбарони қатли Хошуқчӣ аз қабл омодагӣ дидаанд", - гуфт айбдоркунандаи саудӣ.

Ҳафтаи гузашта мақомоти Арабистони Саудӣ гуфтанд, ки Хошуқчӣ дар як занозанӣ дар консулгарии Арабистон дар шаҳри Истамбул кушта шуд.

Аммо ин шарҳи Арабистон дар мавриди қатли Хошуқчӣ на ҳамаро қонеъ мекунад. Рӯзи сешанбе президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон гуфт, қатли рӯзноманигор аз пеш тарҳрезӣ шуда буд.

ИМА масъалаи ташкили таҳримҳои монанд ба "қонуни Магнитский"-ро нисбати Арабистони Саудӣ баррасӣ дорад. Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо таҳқиқи қатли Хошуқчиро талаб карданд.

Хошуқчӣ 2 октябр дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул нопадид шуд. Баъдтар хабари марги вай расонӣ гардид.

XS
SM
MD
LG