Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки шаш паҳлавони тоҷик дар Grand Slam дар Абу-Даби


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Grand Slam Abu Dhabi 2018, ки рӯзҳои 27-29-уми октябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абу-Даби баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 372 варзишгар (230 мард ва 142 зан) аз 64 кишвари панҷ қитъаи олам иштирок мекунанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов шаш варзишгар шомил аст: Мирзоҷамил Рамазонов, Раҳматуллобек Фарҳодов (ҳарду дар вазни то 73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг) ва Хуршед Маҷидов (+100 кг).

Ба ҷуз медалҳо, ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ
ҷоизаҳои молӣ супурда мешавад:

барои ҷойи 1-ум - 5000 доллар (варзишгар: 4000 доллар, мураббӣ - 1000 доллар)

барои ҷойи 2-юм - 3000 доллар (варзишгар: 2400 доллар, мураббӣ - 600 доллар)

барои ҷойҳои 3-юм - 1500-долларӣ (варзишгар: 1200 доллар, мураббӣ – 300 доллар).

Инчунин ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ мувофиқи ҷойҳои ишғолкардаашон соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мегарданд.

Барномаи мусобиқа:

27-уми октябр (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни бонувон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.

28-уми октябр (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни бонувон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.

29-уми октябр (душанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни бонувон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Grand Slam Abu Dhabi 2017 бе медал монданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш гуштигир шомил буд, ки дар байни онҳо ду нафар - Комроншоҳи Устопириён ва Суҳроб Боқиев – натиҷаҳои хубтар нишон доданд. Комроншоҳ дар вазни зери 90 кило мақоми панҷум ва Суҳроб дар вазни зери 60 кило мақоми ҳафтумро соҳиб шуданд.

XS
SM
MD
LG