Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаиқронҳои тоҷик аз Самарқанд бо шаш медал бармегарданд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ миёни варзишгарони то 23-сола ва Ҷоми Осиё, ки дар шаҳри Самарқанд имрӯз, 25-уми октябр, ба анҷом расид, 6 медал (2 тилло ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқоти қитъавӣ варзишгарони 15 кишвари қора ширкат доштанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 23 варзишгар ва 5 мураббӣ дохил буданд.

Дар рӯзи охирини қаҳрамонии Осиё миёни варзишгарони то 23-сола Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 500 метр мақоми аввалро касб намуд ва бо медали дуюми тиллои ин мусобиқа мукофотонида шуд. Инчунин Шаҳриёр ҳамроҳ бо Мустафо Даминов, Абубакр Рустамов ва Дилшод Ҷӯраев дар сабқати байдаркаи чорнафарӣ ба масофаи 500 метр медали биринҷӣ гирифтанд.

Ёдовар мешавем, аз ин пештар Шаҳриёр Даминов дар ин мусобиқа дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр бо медали тилло мукофотонида шуда буд. Инчунин ӯ ҳамроҳ бо Мустафо Даминов, Иван Ковалёв ва Дилшод Ҷӯраев дар каноэи чорнафарӣ ба масофаи 1000 метр бо медали биринҷӣ сарфароз гаштаанд.

Ду медали биринҷиро қаиқронҳои тоҷик дар Ҷоми Осиё ба даст оварданд. Абдусаттор Ғаффоров дар сабқати байдаркаи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр медали биринҷиро соҳиб шуд. Ҳамчунин Абдусаттор ҳамроҳ бо Саидилҳомхон Назиров дар сабқати байдаркаи дунафарӣ ба масофаи 1000 метр медали биринҷӣ гирифтанд.

Ёдовар мешавем, Шаҳриёр Даминов, варзишгари 21-солаи тоҷик, имсол дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Индонезия дар мусобиқаи қаиқронӣ дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр миёни мардон соҳиби медали нуқра гардидааст.

XS
SM
MD
LG