Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳотдоги хатарнок: Сабаби заҳролудшавии сокинон дар Самарқанд эълон шуд


Вазорати тандурустии Ӯзбекистон дар робита ба заҳролудшавии гуруҳӣ дар шаҳри Самарқанд изҳорот нашр кард. Бар пояи изҳороти рӯзи 24 октябр, ки онро Радиои Озодлик нашр кардааст, заҳролудшавии гуруҳии сокинон дар Самарқанд ба ғизо рабт дорад. Якбора 17 сокин бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба бемористон муроҷиат карданд.

Таҳқиқ собит кард, ки ҳамаи онҳо дар яке аз кӯчаҳои шаҳр "ҳот-дог" истеъмол кардаанд. Мақомоти тандурустӣ мегӯянд, "ҳот-дог"-фурӯш меъёрҳои назофатӣ ва беҳдоштиро риоя намекард.

XS
SM
MD
LG