Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон аз Тайбейи Чин 7 гол хӯрд


Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар нахустин даври мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё миёни бозигарони то 19-сола дар гурӯҳи «D» аз тими Тайбейи Чин бо ҳисоби 0:7 шикаст хӯрд.

Ин бозии гурӯҳи “D” 24-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардид. Бозии дигари ин гурӯҳ низ дар ҳамин варзишгоҳ бо ҳамин ҳисоб ба поён расид. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ба дарвозаи тими Бангладеш 7 тӯби беҷавоб зад.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи «D» баъди натиҷагирии бозиҳои даври аввал дастаҳои мунтахаби Тайбейи Чин ва Кореяи Ҷанубӣ бо сеимтиёзӣ пешсафанд. Тимҳои Бангладешу Тоҷикистон имтиёз надоранд.

Мусобиқаи гурӯҳи “D” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор то рӯзи 28-уми октябр идома хоҳад кард. Дар ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ, Тайбейи Чин ва Бангладеш барои роҳхат ба марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии Осиё мубориза мебаранд.

Футболбоздухтарони тоҷик дар даври дуюм 26-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо ҳамсолонашон аз Кореяи Ҷанубӣ рақобат мекунанд. Бозӣ соати 17:00 шуруъ меавад. Бозии дигари даври дуюм дар ин гурӯҳ 26-уми октябр миёни дастаҳои мунтахаби Бангладеш ва Тайбейи Чин соати 14:00 оғоз меёбад.

Марҳилаи аввали мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 миёни духтарони то 19-сола

Гурӯҳи «D»

Тақвими бозиҳо

Даври 1-ум

24-уми октябр (чоршанбе)

Кореяи Ҷанубӣ – Бангладеш – 7:0

Тайбэйи Чин – Тоҷикистон – 7:0

Даври 2-юм

26-уми октябр (ҷумъа)

14:00 – Бангладеш – Тайбэйи Чин

17:00 – Тоҷикистон – Кореяи Ҷанубӣ

Даври 3-юм

28-уми октябр (якшанбе)

14:00 – Кореяи Ҷанубӣ – Тайбэйи Чин

17:00 – Тоҷикистон– Бангладеш

Марҳилаи аввали мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 миёни бозигарони то 19-сола бо ширкати 24 дастаи мунтахаби занона дар 6 гурӯҳ ҷараён дорад. Чор гурӯҳ аз чордастаӣ иборат аст. Ба гурӯҳи “С” панҷ ва ба гурӯҳи “F” се дастаи мунтахаб шомиланд. Дар панҷ гурӯҳ бозиҳои даври аввал ва дар гурӯҳи “С” бозиҳои даври дуюм баргузор шуданд.

Дар гурӯҳи “С” тимҳои Узбекистон ва Қирғизистон бо 6-имтиёзӣ пешсафанд. Бозиҳои даври дуюм дар ин гурӯҳ бо чунин натиҷаҳо хотима ёфтанд: Узбекистон – Молдив – 20:0, Урдун – Сингапур – 8:0, Қирғизистон – Гуам – 6:2.

Натиҷаҳои бозиҳои даври якум дар гурӯҳҳои дигар чунин аст:

Гурӯҳи “А”: Австралия – Муғулистон – 18:0, Ҳонконг – Лубнон – 0:6

Гурӯҳи “В”: Ҳиндустон – Покистон – 18:0, Тайланд – Непал – 3:0

Гурӯҳи “Е”: Ветнам – Малайзия – 2:1

Гурӯҳи “F”: Эрон – Лаос – 4:1

Ба марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019, ки аз 22-юм то 30-юми апрели соли оянда доир мешавад, ҳашт даста аз марҳилаи аввали интихобӣ – ғолибони шаш гурӯҳ ва ду дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм роҳ меёбанд.

XS
SM
MD
LG