Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон бо Малайзия мусовӣ кард, бо Саудӣ рӯ ба рӯ мешавад


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бозии дувумро дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни ҷавонони зери 19-сола дар гурӯҳи “D” бо тими Малайзия бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод.

Ба ин тартиб, пас аз натиҷагирии бозиҳои даври дуюм дар гурӯҳи "D" дастаи мунтахаби ҷавонони Арабистони Судӣ бо шаш имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тоҷикистон бо чаҳор имтиёз дар ҷойи дуюм ва тими Малайзия бо як имтиёз дар ҷойи сеюм меистад. Вале тими Чин имтиёз нагирифтааст.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бозии севумро дар гурӯҳи "D" рӯзи 26-уми октябр бо тими Арабистони Саудӣ анҷом хоҳад дод.

Дар бозие, ки шаби 23-юми октябр дар варзишгоҳи "Патриот Сандрабага"-и шаҳри Бекасии Индонезия барпо гардид, ҳисобро дар дақиқаи 11-ум ҳамлагари мунтахаби Малайзия Муҳаммад Ҳодӣ Фаядҳ бо зарбаи сахт аз масофаи дур, тахминан 20 метр, боз кард.

Пас аз сездаҳ дақиқа капитани мунтахаби Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе тӯбро аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд ва ҳисобро баробар намуд. Зимнан, ҷаримаи 11-метриро сардовар барои бозии дағалонаи Муҳаммад Ал-Имрон дар ҷаримагоҳи дастааш муқобили Шериддин Бобоев таъйин кард. Дар замони изофаи нимаи аввали дидор (45+1) голи дуюми дастаи Тоҷикистонро Далер Ёдгоров аз назди дарвоза ба самар расонд.

Дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 55-ум, баъди зарбаи сахти бозигари мунтахаби Малайзия Набил Ҳаким Бухорӣ аз масофаи дур тӯб ба пойи ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Ваҳдат Ханонов бархӯрда, вориди дарвоза гардид. Ҳисоб боз баробар шуд – 2:2.

Бояд гуфт, ки Набил Ҳаким Бокҳарӣ дар дақиқаи 82-юм аз майдон хориҷ шуд. Ӯ ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Зиёвуддин Фузайловро, ки шаш дақиқа пеш ба ҷойи ҳамдастааш Далер Ёдгоров ба майдон омада буд, сахт зада, аз по афтонд. Зиёвуддинро, ки ҷароҳати вазнин бардошт, аз майдон ба беморхона бурданд.

Баъди се дақиқа Ҳусейн Нурматов, ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, ки муқобили рақибаш дағалона бозӣ кард, корти сурх гирифта, аз майдон берун карда шуд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Малайзия бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев чунин буд: Шоҳрух Қирғизбоев, Алишер Баротов (Оятулло Сафаров, 64), Ваҳдат Ҳанонов, Ҳусейн Нурматов, Манучеҳр Сафаров, Кароматулло Саидов, Шарафҷон Солеҳов, Шервонӣ Мабатшоев, Далер Ёдгоров (Зиёвуддин Фузайлов, 76, Абдулмуъмин Забиров, 85), Эҳсони Панҷшанбе (капитан), Шериддин Бобоев.

Дар бозии дигари гурӯҳи “D” имрӯз, 23-юми октябр, мунтахаби Арабистони Саудӣ бар тими Чин бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуд. Голи ягонаро Абдулмуҳсин Ал-Қаҳтанӣ дар дақиқаи 81-ум зад.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонони зери 19-сола, ки дар Индонезия то 4-уми ноябр идома мекунад, барои чор роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-20) 16 даста дар чор гурӯҳ мубориза мебарад.

Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба чорякфинал мебароянд. Агар мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёбад, онгоҳ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “С”– Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Урдун – рӯбарӯ мешавад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2018 дар Индонезия 23 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар - дохиланд.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 дар Индонезия:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Ҳомидҷон Исҳоқов (ҳарду аз «Барқчӣ»), Меҳвар Сулаймонов (бозигари озод);

Ҳимоятгарон: Алишер Баротов, Наимҷон Иброҳимзода (ҳарду аз «Хатлон»), Ҳусейн Нурматов, Султоншо Мирзоев, Ваҳдат Ханонов, Ҳувайдои Гулмурод, Оятулло Сафаров, Манучеҳр Сафаров, Маҳмадзарифи Абдураҳим (ҳама аз «Барқчӣ»);

Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов, Абдулмуъмин Забиров, Саидмухтор Азимов, Шервонӣ Мабатшоев, Далер Ёдгоров, Зиёвуддин Фузайлов (ҳама аз «Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Барқчӣ»).

Сармураббӣ - Мубин Эргашев.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни ҷавонон (U-19)

Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

Арабистони Саудӣ Малайзия 2:1

Тоҷикистон Чин - 1:0

Даври 2-юм

Малайзия - Тоҷикистон 2:2

Арабистони Саудӣ Чин 1:0

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «D»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Арабистони Саудӣ

2

2

0

0

3-1

6

2

Тоҷикистон

2

1

1

0

3-2

4

3

Малайзия

2

0

1

1

3-4

1

4

Чин

2

0

0

2

0-2

0

Бозиҳои боқимонда:

Даври 3-юм

26-уми октябр (ҷумъа)

17:00 – Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон

17:00 – Чин – Малайзия

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG