Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон


Ҷамшед Саломов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни устодон, ки рӯзҳои 20-21-уми октябр дар шаҳри Касабланкаи Марокаш баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, сардовари мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни устодон, рӯзи 23-юми октябр хабар дод. Ба иттилои ин довари маъруфи тоҷик, ки раиси комиссиюни доварони Иттиҳоди самбои Осиё мебошад, дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишгарони собиқадор мувофиқи синашон дар ҳафт гурӯҳ - 35-39, 40-44, 45-49, 50-54, 55-59, 60-64, аз 65-сола боло – аз рӯи ҳафт дараҷаи вазнҳо - 62, 68, 74, 82, 90, 100, +100 кг – миёни мардон рақобат карданд.

“Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни устодон дар Касабланка ду паҳлавони пуртаҷрибаи тоҷик - Суҳроб Бердиев ваҶамшед Саломов – низ ширкат варзиданд. Ҳарду дар гурӯҳи устодони синашон 35-39-сола барои мелалҳо мубориза бурданд. Ҷамшед дар вазни зери 100 кило барои ҷойи сеюм бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Суҳроб бошад, дар вазни аз 100 кило боло мақоми панҷумро касб намуд”, - гуфт Маҳмуд Абдуллоев, муовини аввали раиси Федератсияи самбои Тоҷикистон.

Ӯ ҳамзамон иттилоъ дод, ки ҳоло варзишгарони маъруфи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода, Набимуҳаммад Хоркашев, Акмалиддин Каримов ва дигарон ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон омодагӣ мебинанд. Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ миёни мардону занон ва самбои размӣ рӯзҳои 9-11-уми ноябри имсол дар пойтахти Руминия - шаҳри Бухарест - баргузор мешавад,

Бояд гуфт, ки самбо аз замони Шӯравӣ то имрӯз дар Тоҷикистон яке аз намудҳои маъмули варзиш ба шумор меравад. Варзишгарони тоҷик дар ин намуд ба дастовардҳои бузург муваффақ шудаанд. Ду паҳлавони тоҷик – Саидмуъмин Раҳимов ва Беҳрӯзи Хоҷазода - ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтаанд.

Зимнан, ба Беҳрӯзи Хоҷазода пас аз 42 соли пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон муяссар шуд, ки медали тиллоро ба даст орад. Ӯ моҳи ноябри соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар шаҳри Сочии Русия дар вазни зери 74 кило мақоми аввалро касб намуд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG