Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" ва "Регар-ТадАЗ" дар финали Ҷоми Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ба финали Ҷоми Тоҷикистон, ки рӯзи шанбе, 27-уми октябр, дар Варзишгҳи марказии шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад, роҳ ёфтанд.

“Истиқлол” дар бозии ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки рӯзи якшанбе, 21-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо гардид, аз тими лигаи якум - «Душанбе-83»-и Душанбе - бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд.

Бозии аввали ниманиҳоӣ бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби 3:1 хотима ёфта буд. Аз рӯи натиҷагирии ду бозӣ бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Истиқлол” ба финали Ҷоми Тоҷикистон баромад.

Дар бозии дигари ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар меҳмонӣ «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Бозии аввал бо ғалабаи “Хуҷанд” бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расида буд. Аз рӯи натиҷагирии ду бозӣ ҳисоб 2:2 шуд. Ду голи дар меҳмонӣ задаи “Регар-ТадАЗ” ба футболбозони шаҳри Турсунзода имкон дод, ки ба ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоӣ даст ёбанд.

Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки 27-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат доир мегардад, “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” рақобат мекунанд.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 27-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Хуҷанд”-и Хуҷанд чор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Соли гузашта дастаи “Хуҷанд” дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки 2-юми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, тими “Истиқлол”-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода буд.

Ҷоми Тоҷикистон-2018

Нимфинал. Бозиҳои ҷавобӣ

«Душанбе-83» - «Истиқлол» - 3:2

Голҳо: Элчибек Рашидбеков, 36 (1:0). Калеб Авуку, 39 (2:0). Артём Барановский, 49 (2:1). Артём Барановский, 58 ба дарвозаи худ (3:1). Ҷаҳонгир Абдумуъминов, 90+5 (3:2).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

21-уми октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.

Бозии аввал - 1:3

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» – 1:2

Голҳо: Фарҳод Тоҳиров, 24 (1:0). Ойбек Абдуғаффоров, 44 — аз пеналтӣ (1:1). Амирҷон Сафаров, 66 (1:2).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

21-уми октябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 5000 тамошобин.

Бозии аввал - 1:0

XS
SM
MD
LG