Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобот дар Афғонистон, аммо на дар Ғазниву Қандаҳор. ВИДЕО


Рӯзи 20-уми октябр раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонӣ ё Вулуси Ҷиргаи Афғонистон баргузор шуд. Дар баъзе аз минтақаҳо мардум соати шаши субҳ дар марказҳои раъйдиҳӣ ҳозир шудаанд.

Аммо дар вилоятҳои Қандаҳору Ғазнӣ ба сабаби ҳамлаҳои маргбор раъйдиҳӣ ба ҳафтаи оянда гузошта шудааст.

Қарор буд, раъйдиҳӣ соати 16-и рӯзи шанбе ба вақти Ағфонистон ба поён бирасад. Аммо масъулони Кумисюни мустақили интихобот гуфтанд, ки интихоботи Вулуси Ҷирга дар баъзе аз минтақаҳои Афғонистон то соати ҳашти шаб ва дар баъзе минтақаҳои дигар рӯзи якшанбе низ идома хоҳад кард.

Гулҷон Абдулбадеъ Сайёд, раиси кумисюн дар як нишасти хабарӣ ин масъаларо чунин шарҳ дод: "Дар манотиқе, ки кормандон дер расиданд ваё ҳозир нашуданд ё мушкили техникӣ пеш омад, сокинон метавонанд то соати ҳашт овоз диҳанд. Дар минтақаҳое, ки марказҳои раъйдиҳӣ то соати 1-и рӯзи шанбе боз нашуданд, интихобот фардо низ давом хоҳад кард."

Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон эълон карда буд, ки марказҳои райъдиҳӣ соати ҳафти субҳ боз мешаванд, аммо шуморе аз марказҳо дар замони таъйиншуда ифтитоҳ нашуданд.

Дар Афғонистон интихоботи парламентӣ ҷараён дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00

Дар баъзе аз манотиқи дигар, ки марказҳои райъдиҳӣ дар он боз шуданд, як силсила беназмиҳо ба мисли кор накардани система, кам будани варақаи раъй ва шомил набудани ном овоздиҳандагон дар рӯйхатҳо рух додааст.

Интихобот дар Афғонистон таҳти чораҳои шадиди амниятӣ баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG