Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар порлумони Қирғизистон пешниҳод доранд, чандшаҳрвандӣ иҷозат шавад


Оқилбек Ҷапаров, вакили порлумони Қирғизистон пешниҳод дорад, ки дар ин кишвар иҷозаи доштани якбора шаҳрвандии чанд кишвар дода шавад. Бахши Қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 19 октябр навишт, Ҷапаров дар ҷаласаи ахири парлумон бо чунин як пешниҳод суханронӣ кард. Ӯ, аз ҷумла, гуфт:

"Мумкин аст, якбора шаҳрвандии 8-10 кишварро гирифт, аммо аз шаҳрвандии кишвари худ маҳрум нашуд. Барои мисол, Исроил инро иҷозат медиҳад. Шаҳрвандони ин кишвар метавонанд, шаҳрванди ҳар кишвари дигар шаванд, аммо ҳамзамон шаҳрванди Исроил боқӣ монанд", - гуфт вай.

Қонунҳои амалкунандаи Қирғизистон доштани танҳо як шаҳрвандиро иҷоза медиҳанд. Барои дарёфти шаҳрвандии кишвари дигар, бояд аз шаҳрвандии Қирғизистон даст кашид.

XS
SM
MD
LG