Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон


Дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонони зери 19-сола, ки аз 18-уми октябр то 4-уми ноябр дар Индонезия барпо мегардад, барои чор роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-20) 16 даста дар чор гурӯҳ мубориза мебарад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2018 дар гурӯҳи “D” бо тимҳои Чин (20-уми октябр), Малайзия (23-юми октябр) ва Арабистони Саудӣ (26-уми октябр) рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳо бо ширкати футболбозони ҷавони тоҷик дар варзишгоҳи “Патриот Сандрабага”-и шаҳри Бекаси доир мегардад.

Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба чорякфинал мебароянд. Агар мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёбад, онгоҳ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “С”– Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Урдун – рӯбарӯ мешавад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2018 дар Индонезия 23 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар - дохиланд.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 дар Индонезия:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Ҳомидҷон Исҳоқов (ҳарду аз «Барқчӣ»), Меҳвар Сулаймонов (бозигари озод);

Ҳимоятгарон: Алишер Баротов, Наимҷон Иброҳимзода (ҳарду аз «Хатлон»), Ҳусейн Нурматов, Султоншо Мирзоев, Ваҳдат Ханонов, Ҳувайдои Гулмурод, Оятулло Сафаров, Манучеҳр Сафаров, Маҳмадзарифи Абдураҳим (ҳама аз «Барқчӣ»);

Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов, Абдулмуъмин Забиров, Саидмухтор Азимов, Шервонӣ Мабатшоев, Далер Ёдгоров, Зиёвуддин Фузайлов (ҳама аз «Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Барқчӣ»).

Сармураббӣ - Мубин Эргашев.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни ҷавонон (U-19)

Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

20-уми октябр (шанбе)

14:00. Арабистони Саудӣ – Малайзия
17:00. Тоҷикистон – Чин

Даври 2-юм

23-юми октябр (сешанбе)

14:00. Чин – Арабистони Саудӣ
17:00. Малайзия – Тоҷикистон

Даври 3-юм

26-уми октябр (ҷумъа)


17:00. Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон
17:00. Чин – Малайзия

Эзоҳ: Оғози бозиҳо - бо вақти Душанбе

XS
SM
MD
LG