Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Никол Пашинян – нахуствазири Арманистон – истеъфо дод


Никол Пашинян шоми 16-уми октябр истеъфояшро эълон кард
Никол Пашинян шоми 16-уми октябр истеъфояшро эълон кард

Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, аз мақомаш истеъфо дод. Вай ин хабарро шоми 16-уми октябр тариқи телевизионҳои Арманистон эълон кард.

Истеъфои Никол Пашинян порлумонро пароканда ва роҳро барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлат ҳамвор мекунад.

Пас аз пирӯзии ҳизби Пашинян дар интихоботи моҳи гузаштаи Ереван, нахуствазир ба баргузории интихоботи зудрас даъват кард.

Худи Пашинян моҳи майи имсол дар пайи ҳафтаҳо эътирози тарафдоронаш сари қудрат омад ва Серж Саркисян аз Ҳизби ҷумҳурихоҳро водор кард, ки истеъфо диҳад. Дар як изҳороташ Пашинян гуфт, ки Арманистон ба як марҳилаи нави таърихӣ ворид мешавад ва бояд бо ин инқилоби махмалини бидуни хушунатро ба итмом расонад.

Бар асоси қонунҳои Арманистон, агар нахуствазир истеъфо дода порлумон ҷойгузини ӯро интихоб накунад, дар давоми ду ҳафтаи баъди ин баргузории интихобот имконпазир мешавад.

XS
SM
MD
LG