Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украиние, ки худро мурда эълон карда буд, дар Фаронса зиндагии шик дошт


Rolls-Royce Phantom
Rolls-Royce Phantom

Як фирорӣ аз Украина, ки марги худро сохтакорӣ карда бар иваз дар Фаронса зиндагии шику боҳашамате доштааст, боздошт шуд. Дар ин бора рӯзи 16 октябр Европол хабар дод. Исми мард фош намешавад, вале дар гузориш гуфта мешавад, ки ин мард ҳамроҳ бо се нафари дигар моҳи октябр дар Дижон боздошт шуд. Дар паи 5 рейде, ки дар моҳи октябр дар манзилҳои ин мард баргузор шуд, дороиҳо бо арзиши беш аз 4,6 миллион евро (5,3 миллион доллар), як қаср, мошини навъи Rolls Royce Phantom, се наққошии Салвадор Далӣ ошкор ва мусодира шуд.

Дар изҳороти Европол гуфта мешавад, ки ин мард бахше аз як нақшаи байналмилалии қаллобӣ буд, ки бо пулшӯӣ машғул мешуд. Европол мегӯяд, ки таваҷҷӯҳи полис ба ин мард баъди он равона шуд, ки аз ҷониби як ширкати машкуке дар Люксембург моҳи январ бо арзиши 3 миллион евро дар минтақаи Бургунди қасре харида шуд. Баъди ин маълум шуд, ки соҳиби ин қаср як шаҳрванди Украина будааст, ки дар фасод бо ҳаҷми фавқулодда зиёд гунаҳгор шуда, вале тавонистааст аз роҳи тақаллуби санадҳои марг ба Аврупо фирор кунад. Ҳанӯз ин қазияро мақомоти украинӣ шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG