Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нархҳои баланди нафт зарари молии Эронро ҷуброн мекунад"


Муовини президенти Эрон Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ гуфт, ки нархҳои баланди нафт ба Эрон дар барқарор кардани нисфи зарар аз содироти нафт кӯмак мекунад. Ӯ гуфт, замоне, ки бархе кишварҳо аз харидани нафти Эрон даст кашиданд, «мо ҳамкорони нав пайдо кардем».

Пораи назарҳои Ҷаҳонгирӣ рӯзи 15 октябр аз ҷониби оҷонсии ИРИБ нашр шуд. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: «Амрико хаёл мекунад, ки Арабистони Саудӣ метавонад ҷои ин нафтро бигирад. Вале ҳамин ҳоло арзиши нафти Эрон барои ҳар бушка ба беш аз 80 доллар расид ва бо нисфи содироти қаблӣ мо даромадеро, ки доштем, барқарор мекунем». Ҷаҳонгирӣ гуфт, баъзе кишварҳое, ки харидани нафти Эронро бас карданд, дубора ин бозорро баргардонидан мехоҳанд.

Ӯ гуфт, ки таҳаввулоти ахир баёнгари он аст, ки «ИМА нахоҳад тавонист содироти нафти Эронро то ба ҳеҷ бирасонад». Таҳримҳои ҷорикардаи ИМА алайҳи Эрон 5 ноябр дар амал иҷро хоҳанд шуд. Мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, ки мехоҳанд мизони содироти нафти Эронро то ба сифр бирасонанд. Дар ин изҳороти Ҷаҳонгирӣ ба таври ғайримустақим эътироф шудааст, ки мизони содироти нафти Эрон нисф шудааст.

XS
SM
MD
LG