Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфаттишон пас аз таҳқиқи 9-соата аз консулгарии Саудӣ берун омаданд. ВИДЕО


Муфаттишони Туркия пас аз нуҳ соати таҳқиқ, субҳи 16-уми октябр, аз бинои консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул берун омаданд. Ин бахше аз таҳқиқот дар мавриди “нопадид шудан”-и Ҷамол Ҳошуқҷӣ, рӯзноманигор ва мунтақиди сиёсатҳои Риёз аст.

Муфаттишон бегоҳи 15-уми октябр ба бинои консулгарии Арабистони Саудӣ ворид шуда буданд. Қаблан баъзе аз манобеи расмии Туркия гуфтанд, ки як тими иборат аз намояндагони Туркия ва Арабистони Саудӣ бинои консулгариро кофтукоб мекунанд, ҷое ки Ҳошуқҷӣ қабл аз нопадид шудан дар рӯзи 2-юми октябр ба онҷо ворид шуда буд.

Кофтукоби нишонаҳои Ҷамол Хошуқҷӣ дар консулгарии саудӣ дар Истанбул
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:45 0:00

Мақомоти Туркия бовар доранд, ки Ҳошуқҷӣ дар дохили бинои консулгарӣ кушта ва ҷасадаш аз байн бурда шудааст.

Шабакаи телевизионии CNN ва нашрияи The New York Times гуфтанд, Арабистони Саудӣ омода мешавад, то эълом кунад, ки Ҷамол Хошуқҷӣ дар ҷараёни бозҷӯӣ дар консулгарии ин кишвар дар Истанбул фавтидааст. Баъди онки Доналд Трамп, президенти Амрико, дар ин қазия «қотилони худсар»-ро масъул донист.

Шабакаи телевизионии CNN ба нақл аз манбаъҳои худ гузориш дод, ки мақомҳои Арабистони Саудӣ хоҳанд гуфт, марги ӯ дар ҷараёни бозҷӯӣ ва тафтиш "иштибоҳӣ" рух додааст.

Арабистони Саудӣ то ба ҳол ин гузоришҳоро шарҳ надодааст.

Нашрияи The New York Times бо такя ба як нафари огоҳ аз нақшаҳои Саудӣ гуфт, валиаҳд иҷоза дода буд, ки Ҷамол Ҳошуқҷиро бозпурсӣ кунанд ваё дасту пояшро баста ба Риёз фиристанд.

Нопадид шудани хабарнигор Ҷамол Ҳошуқҷӣ мавҷи эътирозҳои байналмилалиро алайҳи Саудӣ барангехт. Президенти Амрико Доналд Трамп котиби давлатӣ Майк Помпеоро муваззаф кардааст, ки дар робита ба ин қазия бо Шоҳ Салмон мулоқот кунад.

XS
SM
MD
LG