Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии Русия дар Олимпиадаи наврасон дар Буэнос-Айрес


Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон дар Аргентина.
Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон дар Аргентина.

Дар Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон, ки дар шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина рӯзи 18-уми октябр ба анҷом мерасад, ҳоло дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 43 медал (24 тилло, 11 нуқра, 8 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст.

Маҷористон бо касби 21 медал (12 тилло, 6 нуқра, 3 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва Чин бо касби 25 медал (12 тилло, 5 нуқра, 8 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор доранд. Тимҳои омехта, ки таҳти парчами олимпӣ берун аз озмун ширкат дорад, ҳамагӣ 33 медал (11 тилло, 11 нуқра ва 11 биринҷӣ) гирифтааст.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Ҷопон (11-6-9), Италия (9-8-9), Аргентина (6-5-4), Эрон (6-3-1), Австрия (4-6-3), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (4-4-5) ва Ҳиндустон (3-7-0) дохиланд.

Умуман, то имрӯз, 15-уми октябр, варзишгарони 79 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон гардидаанд. Аз кишварҳои Осиёи Миёна Узбекистон бо 3 медали тилло, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҷойи 11-ум, Қазоқистон бо 2 медали тилло, як нуқра ва як биринҷӣ дар ҷойи 24-ум, Қирғизистон бо 2 медали нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҷойи 51-ум ва Афғонистон бо як медали биринҷӣ дар ҷойи 69-ум қарор доранд. Вале дастаҳои Тоҷикистону Туркманистон медал нагирифтаанд.

Дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Тоҷикистону Туркманистон, инчунин Латвия медал надорад. Ба ғайр аз Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон боз ҳашт кишвари собиқи шӯравӣ медалҳои Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасонро соҳиб шудаанд: Украина (2 тилло, 4 нуқра, 4 биринҷӣ, ҷойи 16-ум), Озарбойҷон (2 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ, ҷойи 22-юм), Молдова (2 тилло 29-ум), Гурҷистон (1 тилло, 4 нуқра, 1 биринҷӣ, ҷойи 32-юм), Беларус (1 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ, ҷойи 35-ум), Литва (1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ, ҷойи 40-ум), Арманистон (1 тилло ва 1 нуқра, ҷойи 44-ум) ва Эстония (1 биринҷӣ, ҷойи 69-ум).

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон ҳудуди 4000 варзишгари синашон аз 15 то 18-сола аз 206 кишвари ҷаҳон оид ба 32 намуди варзиш барои 241 маҷмуи медалҳо то рӯзи 18-уми октябр мубориза мебаранд.

Ёдовар мешавем, Тоҷикистонро дар Олимпиадаи наврасон дар Буэнос-Айрес се варзишгар намояндагӣ кард ва ҳарсе рақобатҳои худро ба анҷом расониданд.

Сулаймони Ҷамшед дар мусобиқаи ҷудо дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни зери 66 кило ҷойи нӯҳумро соҳиб шуд. Бежан Файзуллоев дар мусобиқаи тирандозӣ аз таппончаи пневматикӣ ба масофаи 10 метр дар даври интихобӣ бо натиҷаи 538-7 дар байни 20 нафар ҷойи охиринро гирифт.

Анастасия Тюрина дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули баттерфлай ё парвона дар даври интихобӣ дар байни 36 нафар бо натиҷаи 33,37 сония зинаи охиринро ишғол намуд. Баъдан ӯ дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод бо натиҷаи 29,92 сония дар байни 53 нафар 42-юм шуд.

Бояд гуфт, ки варзишгари тоҷик Бежан Файзуллоев дар Бозиҳои олимпии наврасон дар Буэнос-Айрес дар тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр дар ҳайати дастаи омехта ҳамроҳ бо варзишгардухтари ҳиндӣ Ману Бҳакер сазовори медали нуқра шуд.

Аз ин пеш Сулаймони Ҷамшед дар мусобиқаи ҷудо дар рақобатҳои дастаӣ дар ҳайати тими омехта бо номи “Рио-де-Жанейро” ҳамроҳ бо якнафарӣ варзишгарон аз Косово, Туркманистон, Алҷазоир, Словения, Қирғизистон, Русия ва Бурунди соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.

Вале медалҳои Бежан ва Сулаймон на ба дастаи Тоҷикистон, балки ба тимҳои омехта, ки таҳти парчами олимпӣ ширкат дорад, марбут аст.

Бояд тазаккур дод, варзишгарони тоҷик барои бори сеюм дар Олимпиадаи наврасон ширкат варзиданд. Тоҷикистонро дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки соли 2010 дар Сингапур доир шуд, шаш варзишгар дар шаш намуд намояндагӣ кард.

Аз байни онҳо Баҳодур Қодиров (гуштии озод, вазни то 63 кг) медали нуқра ва Шукрона Шарифова (таэквон-до WTF, вазни то 44 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд. Тоҷикистон бо ду медал дар байни 98 кишваре, ки соҳиби медалҳои Олимпиадаи наврасон гардид, дар ҷойи 70-ум қарор гирифт.

Дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон, ки соли 2014 дар Нанҷинги Чин доир шуд, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар дар ҳафт намуд дохил буд. Вале ба ягон нафари онҳо гирифтани медал муяссар нашуд.

XS
SM
MD
LG