Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ Амрикоро ба ҳамлаи "равонӣ ва иқтисодӣ" муттаҳам кард


Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ҳукумати Амрикоро ба он муттаҳам кард, ки қасд дорад, бо усулҳои равонӣ ва иқтисодӣ ҳукумат дар кишварашро тағйир бидиҳад.

Ӯ рӯзи 14-уми октябр дар як маросими бахшида ба оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи Теҳрон гуфт: “Бо ҷанги равонӣ оғоз карданд. Ҷанги иқтисодӣ ба унвони ҳадафи миёнамуддати онҳост, машруъиятзудоӣ ҳадафи ниҳоии онҳост.”

Ҳукумати Амрико баъд аз хориҷ шудан аз созиши атомӣ бо Эрон дар моҳи май фишор ба Эронро зиёдтар кард. Таҳримоти иқтисодӣ ба зидди ин кишварро баргардонд ва қарор аст, бахши дигари таҳримот ба зидди арсаи нафти Эрон рӯзи 5-уми ноябр ҳукми иҷро бигиранд.

Бар асоси созиши соли 2015 бо панҷ қудрати ҷаҳонӣ, Амрико Бритониё, Фаронса, Олмон, Русия ва Чин Эрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кард ва таҳримот ба зидди онро сабуктар карданд. Ҳасан Руҳонӣ гуфт, фишори рақибони Эрон, ваҳдати миллиро дар кишвараш қавитар мекунад.

XS
SM
MD
LG