Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 22 муҳоҷир дар фалокате дар Туркия


Паноҳҷӯён дар Туркия
Паноҳҷӯён дар Туркия

Дар натиҷаи ба наҳр афтодани як мошини боркаш дар Туркия 22 муҳоҷир кушта шудаанд. Хабаргузории давлатии “Анадолу” гуфт, фалокат дар рӯзи 14-уми октябр рух дод ва баъзе аз қурбониён кӯдакон ҳастанд.

Сенздаҳ нафари дигар дар садама ҷароҳат бардоштаанд ва дар шифохона муолиҷа мегиранд. Муҳоҷирон дар як мошини боркаши болояш боз аз шаҳри Ойдин ба Измир ҳаракат мекардаанд, ки мошин аз роҳ хориҷ шуда ва ба наҳр афтодааст.

Ҳоло маълум нест, муҳоҷирон аз кадом кишвар ҳастанд, аммо Туркия як роҳи асосии паноҳҷӯёнест, ки бахусус аз Сурияи ҷангзада мегурезанд ва аз тариқи Юнон ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо мераванд.

XS
SM
MD
LG