Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон насиби паҳлавонони тоҷик шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ довари ин мусобиқаи ҷаҳонӣ Маҳмуд Абдуллоев, муовини аввали раиси Иттиҳоди самбои Осиё ва ноиби аввали президенти Федератсияи самбои Тоҷикистон, рӯзи 14-уми октябр хабар дод. Ба иттилои ӯ, дар сабқати навҷавонон Аминҷон Холов дар вазни зери 48 кило ва Сомон Сангов дар вазни зери 52 кило барои ҷойҳои сеюм бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Дар сабқати навҷавонон дар вазни зери 48 кило Аскар Еспуссинов (Қазоқистон), ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Ҳоҷиакбар Раҳимҷонов (Русия) пирӯз шуд, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, медали тилло гирифт. Дар рақобатҳо дар вазни зери 52 кило Харун Тлишев (Русия), ки дар финал бар Алмат Кабдолов (Қазоқистон) ғолиб омад, барандаи медали тилло гардид.

“Дар ин мусобиқа ҳудуди 300 гуштигири навраси беш аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат дорад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13 варзишгар дохил аст, ки 8 нафар миёни навҷавонон ва 5 нафар байни наврасон рақобат мекунанд. Дар мусобиқаи имсола писарону духтарони солҳои таваллудашон 1998 - 2002 дар чор гурӯҳ миёни наврасону навҷавонон (ду гурӯҳ писарон ва ду гурӯҳ духтарон) қувваозмоӣ менамоянд. Мусобиқа дар Қасри олимпии Тифлис, ки толори он 2700 ҷойгоҳ дорад, доир шудааст," - гуфт Маҳмуд Абдуллоев.

Дар ду рӯзи аввали мусобиқа рақобатҳо дар вазнҳои 40, 44, 52, 56, 65, 70, +75 кг (наврасон - духтарон), 48, 52, 60, 65, 75, 81, +87 кг (наврасон -писарон), 44, 48, 56, 60, 68, 72, +80 кг (навҷавонон - духтарон), 48, 52, 62, 68, 82, 90, +100 кг (навҷавонон - писарон) барпо гардид.

Дар рӯзи охирини мусобиқа - 14-уми сентябр - рақобатҳо дар вазнҳои 56, 70, 87 кг (наврасон - писарон), 48, 60, 75 кг (наврасон - духтарон), 57, 74, 100 кг (навҷавонон - писарон), 52, 64, 80 кг (навҷавонон - духтарон) сурат мегирад.

Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни наврасону навҷавонон, ки дар шаҳри Нови Сади Сербия баргузор шуд, се медал (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварда буданд.

Сомон Сангов дар сабқати наврасон дар вазни зери 52 кило бо медали нуқра сарфароз гашт. Намояндаи дигари Тоҷикистон Умедҷон Муҳиддинов дар сабқати навҷавонон дар вазни зери 62 кило соҳиби медали биринҷӣ гардид. Медали севумро ба мунтахаби Тоҷикистон Садам Каримов овард. Вай дар сабқати навҷавонон дар вазни зери 74 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.

XS
SM
MD
LG