Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Independent: Эҳтимол Бритониё алайҳи Саудӣ таҳрим ҷорӣ кунад


Мумкин аст, Бритониё дар робита ба “нопадидшавии” хабарнигор Ҷамол Ҳошуқҷӣ алайҳи мансабдорони Арабистони Саудӣ таҳрим ҷорӣ кунад. Дар ин бора нашрияи Independent бо такя ба манобеи худ хабар дод.

Ба қавли манбаъ, Вазорати корҳои хориҷии Бритониё машғули таҳияи феҳрист аст.

Журналист ва мунтақиди сиёсатҳои Риёз, ки бо нашрияи “Вашинтон Пост” низ ҳамкорӣ дошт, рӯзи 2-юми октябри имсол “гум шуд”. Вай ҳамон рӯз ба бинои консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул ворид гардид ва дигар берун наомад.

Мақомоти Туркия тахмин мезананд, ки Ҷамол Ҳошуқҷӣ дар дохили бинои консулгарӣ кушта шудааст. Аммо Саудӣ ин иддаоро рад мекунад.

Қаблан Кумитаи равобити байналмилалии Сенати Амрико хостори таҳримҳо дар замина шуда буд. Доналд Трамп 120 рӯз фурсат дорад, ки ба хулоса биояд. Трамп ваъда додааст, ки бо Муҳаммад бин Салмон гуфтугӯ мекунад.

XS
SM
MD
LG