Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки дар бозии ниҳоии мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми тиллоии Бангабанду ("Bangabandhu Gold Cup") дар Бангладеш аз тими миллии Фаластин аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрд, бо ҷоми хотиравӣ, медалҳои нуқра ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 25 ҳазор доллари ИМА мукофотонида шуд.
Бозии ниҳоӣ миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Фаластин шаби ҷумъаи 12-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии Бангабандуи шаҳри Дакка, пойтахти Бангладеш, барпо гардид. Бозигарони ҳарду даста дар замони асосӣ лаҳзаҳои зиёди голзанӣ доштанд, вале аз онҳо пурсамар истифода карда натавонистанд.
Зимнан, шумораи бозигарони мунтахаби Тоҷикистон дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 36-ум, як нафар кам шуд. Сардовари бозӣ Муҳаммад Мизанур Раҳмон (Бангладеш) ба капитани тими миллии Тоҷикистон, нимҳимоятгар Фатҳулло Фатҳуллоев барои рафтори ғайриварзишӣ корти сурх нишон дод ва ӯро аз майдон хориҷ кард.
Замони асосии дидор бо ҳисоби 0:0 ба анҷом расид. Барои муайян кардани ғолиб 30 дақиқа замони изофа (ду қисми 15-дақиқагӣ) таъйин гардид. Замони изофа низ бидуни гол хотима ёфт. Ғолибро силсилаи зарбаҳои 11-метрӣ маълум намуд. Дар задани пеналтӣ фаластиниҳо маҳорати баланд зоҳир карданд. Баъди зарбаҳои задаи Ҷонатан Зоррилла, Маҳмуд Ал-Ивисат, Мусаб Ал-Баттат ва Абдулатиф Ал-Баҳдарӣ тӯб чор бор вориди дарвоза гардид.
Аз тими мунтахаби Тоҷикистон тӯб баъди зарбаҳои Ойбек Абдуғаффоров, Аҳтам Назаров ва Сиёвуш Асроров ба тӯри дарвоза даромад. Вале зарбаҳои Комрон Турсунов ва Табрези Давлатмир,ки чоруму панҷум буд, ба нишон нарасид. Дарвозабони мунтахаби Фаластин тӯбро баргардонд.
Вале дарвозабони ҷавони мунтахаби Тоҷикистон Беҳрӯз Хайриев, ки дар дақиқаи охирини замони изофа Рустам Ризоевро иваз намуд, ҳамаи чор тӯби аз пеналтӣ задаи фаластиниҳоро сар дод.
Ба ин тартиб, бозии ниҳоӣ аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо пирӯзии мунтахаби Фаластин бо ҳисоби 4:3 ба поён расид. Баъди анҷоми бозии ниҳоӣ дар вазъияти ботантана ба дастаи ғолиб Ҷоми тиллоии Бангабанду ("Bangabandhu Gold Cup"), медалҳои тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 50 ҳазор доллари ИМА тақдим гардид. Футболбозони тоҷик барои ҷойи дуюм бо ҷоми хотиравӣ, медалҳои нуқра ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 25 ҳазор доллари ИМА мукофотонида шуданд.
Кумитаи тадорукоти мусобиқа дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ризоевро беҳтарин дарвозабони «Bangabandhu Gold Cup» эътироф намуда, бо ҷоиза сарфароз гардонд. Инчунин ба ҳамлагари дастаи Тоҷикистон Комрон Турсунов, ки дар ин мусобиқа ду гол задааст, ҷоизаи беҳтарин нишонзан супурда шуд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ниҳоӣ зери раҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Алишер Тухтаев муқобили тими миллии Фаластин чунин буд: Рустам Ризоев (Беҳрӯз Хайриев, 120 +1), Сиёвуш Асроров, Хуршед Бекназаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров, Муҳаммадҷон Раҳимов (Шаҳром Сулаймонов, 105+4), Ҳикматулло Расулов (Ойбек Абдуғаффор, 88), Фатҳулло Фатҳуллоев (дар дақиқаи 36-ум корти сурх гирифт), Комрон Турсунов, Ҷаҳонгир Эргашев (Дилшод Бозоров, 66).
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии сабқати гурӯҳӣ низ дар ин мусобиқа аз тими Фаластин бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуда буд. Дар ин бозӣ, ки 4-уми октябр дар варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт»-и Силҳет барпо гардид, Ҷонатан Кантилана дар дақиқаи аввали дидор ҳисобро боз кард ва голи дуюмро Абдулатиф Баҳдарӣ дар дақиқаи 75-ум ба ҳадаф расонд.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ шаш тими миллӣ иштирок дошт. Дар марҳилаи аввал дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд: гурӯҳи «А» - Тоҷикистон, Фаластин, Непал ва гурӯҳи «В» - Филиппин, Бангладеш ва Лаос.
Мунтахаби Фаластин, ки дар ҳарду бозиаш бар тимҳои Тоҷикистон (2:0) ва Непал (1:0) ғолиб омад, дар гурӯҳи “А” бо 6 имтиёз мақоми аввалро касб намуд. Мунтахаби Тоҷикистон, ки бар тими Непал (2:0, Фатҳулло Фатҳуллоев, 27 – аз пеналтӣ ва Комрон Турсунов, 70) пирӯз шуда, аз дастаи Фаластин (0:2) мағлуб гашт, бо 3 имтиёз ҷойи дуюмро соҳиб шуд. Вале тими Непал бидуни имтиёз дар мақоми охирин – сеюм - қарор гирифт.
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «А»
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Фаластин |
2 |
2 |
0 |
0 |
3-0 |
6 |
2 |
Тоҷикистон |
2 |
1 |
0 |
1 |
2-2 |
3 |
3 |
Непал |
2 |
0 |
0 |
2 |
0-3 |
0 |
Мунтахаби Филиппин, ки дар ҳарду бозиаш бар тимҳои Лаос (3:1) ва Бангладеш (1:0) пирӯз шуд, дар гурӯҳи “В” бо 6 имтиёз ғолиб гашт. Мунтахаби Бангладеш, ки бар тими Лаос (1:0) ғолиб омада, аз дастаи Филиппин (0:1) шикаст хӯрд, бо 3 имтиёз ҷойи дуюмро ишғол намуд. Вале тими Ласос бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷой гирифт.
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «В»
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Филиппин |
2 |
2 |
0 |
0 |
4-1 |
6 |
2 |
Бангладеш |
2 |
1 |
0 |
1 |
1-1 |
3 |
3 |
Лаос |
2 |
0 |
0 |
2 |
1-3 |
0 |
Ҳамин тариқ, аз гурӯҳи “А” Фаластин ва Тоҷикистон, аз гурӯҳи “В” Филиппин ва Бангладеш ба нимфинал баромаданд, вале дастаҳои Непал ва Лаос аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуданд.
Мунтахаби Тоҷикистон, ки дар бозии ниманиҳоӣ бар тими миллии Филиппин бо ҳисоби 2:0 пирӯзӯ ба даст овард, ба финал роҳ ёфт. Бозии ниманиҳоӣ миёни тимҳои миллии Филиппин ва Тоҷикистон 9-уми октябр дар варзишгоҳи «Кокс-Бозор» барпо гардид. Зарбаҳои нишонраси Комрон Турсунов (31) ва Аҳтам Назаров (90+7) ба мунтахаби Тоҷикистон пирӯзӣ овард.
Дар бозии дигари ниманиҳоӣ, ки 10-уми октябр дар варзишгоҳи «Кокс-Бозор» барпо гардид, мунтахаби Фаластин тими Бангладешро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳоро Муҳаммад Балаҳ дар дақиқаи 8-ум ва Самеъ Марааба дар дақиқаи 90+4 ба самар расонданд.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми тиллоии Бангабанду ("Bangabandhu Gold Cup") дар Бангладеш аз 21 бозигар иборат буд, ки намояндагони чор бошгоҳи лигаи олии футболи Тоҷикистон мебошанд: “Истиқлол” (Душанбе) – 10 нафар, “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 4 нафар, “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 4 нафар, ССКА “Помир” (Душанбе) – 3 нафар).
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми тиллоии Бангабанду ("Bangabandhu Gold Cup") дар Бангладеш :
Даврозабонҳо: Рустам Ризоев («Регар-ТадАЗ»), Беҳрӯз Хайриев («Истиқлол»);
Ҳимоятгарон: Манучеҳр Аҳмадов, Хуршед Бекназаров (ҳарду аз «Хуҷанд»), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир (ҳарчор аз «Истиқлол»), Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Қаландаров, (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»);
Нимҳимоятгарон: Фатҳулло Фатҳуллоев, Нозим Бобоҷонов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Доробҷон Эргашев, Комрони Мирзонаҷот, Муҳсинҷон Абдуғаффоров (ҳарсе аз ССКА «Помир»), Ҳикматулло Расулов («Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров (ҳарду аз «Хуҷанд»), Комрон Турсунов («Истиқлол»).
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол барои Ҷоми тиллоии Бангабанду ("Bangabandhu Gold Cup") дар Бангладеш, 1 – 12 октябри соли 2018
Гурӯҳи «А»: Фаластин, Непал, Тоҷикистон.
Гурӯҳи«В»: Филиппин, Бангладеш, Лаос.
Даври 1-ум
1-уми октябр (душанбе)
Бангладеш – Лаос – 1:0. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет
2-юми октябр (сешанбе)
Непал – Тоҷикистон - 0:2. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет
Даври 2-юм
3-юми октябр (чршанбе)
Филиппин – Лаос – 3:1. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет
4-уми октябр (панҷшанбе)
Тоҷикистон – Фаластин – 0:2. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет
Даври 3-юм
5-уми октябр (ҷумъа)
Бангладеш – Филиппин – 0:1. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет
6-уми октябр (шанбе)
Фаластин – Непал – 1:0. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет
Нимфинал
9-уми октябр (сешанбе)
Филиппин – Тоҷикистон – 0:2. Варзишгоҳи «Кокс-Бозор», Кокс-Бозор
10-уми октябр (чоршанбе)
Фаластин – Бангладеш – 2:0. Варзишгоҳи «Кокс-Бозор», Кокс-Бозор
Финал
12-уми октябр (ҷумъа)
Тоҷикистон – Фаластин – 0:0 (аз рӯи силсилаи пеналтӣ – 3:4). Варзишгоҳи миллии Бангабанду, Дакка
Бояд тазаккур дод, сармураббии тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов 27-уми марти имсол баъди бохт дар шаҳри Манила дар бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи "F" ба тими миллии Филиппин бо ҳисоби 1:2 ва маҳрум шудан аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии мусобиқа аз мухлисони даста узрхоҳӣ намуда, аз вазифааш истеъфо дод.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар муддати ду сол дар мусобиқоти расмӣ ширкат нахоҳад кард. Сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Алишер Тухтаев муваққатан вазифаи сармураббии тими мунтахаби миллии кишварро ба зимма дорад. Ин аввалин мусобиқае буд, ки мунтахаби Тоҷикистон баъди танаффуси шашмоҳа ширкат варзид.
Мавқеи дастаҳои мунтахаби миллие, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми тиллоии Бангабанду ("Bangabandhu Gold Cup") дар Бангладеш иштирок карданд, алъон дар феҳристи Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) чунин аст: Фаластин – ҷойи 100-ум, Филиппин – ҷойи 114-ум, Тоҷикистон - ҷойи 120 –ум, Непал – ҷойи 160-ум, Лаос – ҷойи 179-ум, Бангладеш – ҷойи 193-юм.