Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Тифлис


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни наврасону навҷавонон, ки аз 12-ум то 14-уми октябр дар пойтахти Гурҷистон - шаҳри Тифлис - баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Довари ин мусобиқаи ҷаҳонӣ Маҳмуд Абдуллоев, муовини аввали раиси Иттиҳоди самбои Осиё ва ноиби аввали президенти Федератсияи самбои Тоҷикистон, рӯзи 12-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа ҳудуди 300 гуштигири навраси беш аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат меварзад.

"Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13 варзишгар дохил аст, ки 8 нафар миёни навҷавонон ва 5 нафар байни наврасон рақобат мекунанд. Дар мусобиқаи имсола писарону духтарони солҳои таваллудашон 1998 - 2002 қувваозмоӣ менамоянд. Мусобиқа дар Қасри олимпии Тифлис, ки толори он 2700 ҷойгоҳ дорад, доир мегардад,"-афзуд Маҳмуд Абдуллоев.

Бар асоси низомномаи мусобиқа мубориза барои медалҳо дар вазнҳои зерин сурат мегирад:

• писарон (солҳои таваллуди 2000-2001; 2002 ): 48, 52, 56, 60, 65, 70, 75, 81, 87, беш аз 87 кг.

• духтарон (2000-2001; 2002) 40, 44, 48, 52, 56, 60, 65, 70, 75, беш аз 75 кг.

• писарон (1998-1999; 2000): 48, 52, 57, 62, 68, 74, 82, 90, 100, беш аз 100 кг.

• духтарон (1998-1999; 2000): 44, 48, 52, 56, 60, 64, 68, 72, 80, беш аз 80 кг.

Барномаи мусобиқа

12-уми сентябр (ҷумъа)

12.00 Рақобатҳои пешакӣ дар вазнҳои 40, 52, 65 кг (духтарон), 48, 60, 75 кг (писарон), 44, 56, 68 кг (духтарон), 48, 62, 82 кг (писарон).

19.00 Маросими кушоиши мусобиқа. Қувваозмоиҳои ниҳоӣ. Мукофотсупорӣ ба ғолибону ҷоизадорон.

13-уми сентябр (шанбе)

12.00 Рақобатҳои пешакӣ дар вазнҳои 52, 65, 81, +87 кг (писарон), 44, 56, 70, +75 кг (духтарон), 52, 68, 90, +100 кг (писарон), 48, 60, 72, +80 кг (духтарон).

19.00 Қувваозмоиҳои ниҳоӣ. Мукофотсупорӣ ба ғолибону ҷоизадорон.

14-уми сентябр (якшанбе)

12.00 Рақобатҳои пешакӣ дар вазнҳои 56, 70, 87 кг (писарон), 48, 60, 75 кг (духтарон), 57, 74, 100 кг (писарон), 52, 64, 80 кг (духтарон).

18.00 Қувваозмоиҳои ниҳоӣ. Мукофотсупорӣ ба ғолибону ҷоизадорон. Маросими пӯшидашавии мусобиқа.

Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни наврасону навҷавонон, ки дар шаҳри Нови Сади Сербия баргузор шуд, се медал (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварда буданд.

Сомон Сангов дар сабқати наврасон дар вазни зери 52 кило бо медали нуқра сарфароз гашт. Намояндаи дигари Тоҷикистон Умедҷон Муҳиддинов дар сабқати навҷавонон дар вазни зери 62 кило соҳиби медали биринҷӣ гардид. Медали севумро ба мунтахаби Тоҷикистон Садам Каримов овард. Вай дар сабқати навҷавонон дар вазни зери 74 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.

“Паҳлавонони ҷавони тоҷик ба мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни наврасону навҷавонон дар Тифлис омодагии хуб диданд ва умедворем, ки онҳо ба натиҷаҳои баланд ноил мешаванд”, - гуфт Маҳмуд Абдуллоев.

XS
SM
MD
LG