Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлаталӣ Саид раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон шуд


Давлаталӣ Саид
Давлаталӣ Саид

Давлаталӣ Саид, муовини якуми сарвазири Тоҷикистон, аз нав раиси Федератсияи шоҳмоти кишвар интихоб гардид. Ӯ ба ин вазифа дар конфронси ҳисоботию интихоботии Федаратсияи шоҳмоти Тоҷикистон, ки 11-уми октябр дар Душанбе доир гашт, интихоб шуд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, имрӯз, 12-уми октябр, хабар дод. Ӯ гуфт, ки вакилони конфронс ба фаъолияти Федератсияи миллӣ бо раҳбарии Давлаталӣ Саид дар давраи интихоботӣ баҳои қаноатбахш доданд.

«Дар муддати чор соли роҳбариаш ба Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, яъне аз моҳи октябри соли 2014 то имрӯз, ин намуди маъмули варзиш дар кишвар хеле рушд ёфт ва шатранҷбозони тоҷик дар ҳамаи мусобиқоти бузурги байналмилалӣ ширкат варзиданд. Бархе аз онҳо натиҷаҳои хуб ба даст оварданд», - иброз дошт Илҳом Юнусов.

Ӯ афзуд, барои аввалин бор дар таърихи Тоҷикистон дар Хоҷаобигарм давраи Ҷоми ҷаҳонии шоҳмот баргузор шуд, ки дар сатҳи баланд доир гардид. Дар баргузории ин мусобиқа раиси федератсия саҳми арзанда гузошт.

«Дар марҳилаи минбаъдаи фаъолияти чорсола дар назди раҳбарияти Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон вазифаи муҳим – бунёди маркази махсуси шоҳмот дар Душанбе гузошта шудааст. Умедворем, ки ин масъала бо кӯмаку дастгирии Давлаталӣ Саид ба ҳайси муовини якуми сарвазири кишвар ҳал мешавад», - гуфт Илҳом Юнусов.

Раҳбари азнав интихобшудаи Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Давлаталӣ Саид аъзои раёсати федератсияро вазифадор кард, ки Консепсияи рушди шоҳмот дар ҷумҳуриро тавсеа дода, ҳарчи бештар мусобиқа баргузор намоянд.

Давлаталӣ Саид 30-юми марти соли 1970 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисоддон ва соли 2008 Академияи хизмати давлатии назди президенти Федератсияи Русияро бо ихтисоси иқтисоди миллӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1993 ба сифати мутахассиси идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 2005 дар вазифаи муовин, сардори Раёсати экспертиза ва сардори Идораи саҳҳомигардонӣ, қоғазҳои қимматнок ва фондҳои инвеститсионии Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2005-2007 аввал дар вазифаи раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипас раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2007-2009 ба ҳайси Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония фаъолият намудааст.

Аз моҳи октябри соли 2009 дар мансаби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз 19-уми ноябри соли 2013 муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

XS
SM
MD
LG