Анастасия Тюрина, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон, ки дар шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина ҷараён дорад, дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули баттерфлай ё парвона ва 50 метр бо тарзи озод ноком гардид.
Анастасия нахуст дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули баттерфляй ё парвона вориди рақобат шуд. Ӯ дар даври интихобӣ дар байни 36 нафар бо натиҷаи 33,37 сония дар ҷойи охирин қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ маҳрум шуд. 16 нафар ба нимфинал баромаданд. Баъдан ҳашт нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Сара Ҷунвик аз Шведсия, ки бо натиҷаи 26,40 сония мақоми аввалро касб намуд, медали тилло ба даст овард. Анастасия Шкурдаи аз Беларус бо натиҷаи 26,62 сония барои ҷойи дуюм бо медали нуқра сарфароз гашт. Полина Егороваи русиягӣ ва Ангелина Коеҳлери олмонӣ бо натиҷаи якхелаи 26,68 сония бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Рӯзи 11-уми октябр Анастасия Тюрина дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод рақобат кард. Ҳарчанд ӯ бо натиҷаи 29,92 сония дар гурӯҳи аввали шашнафара ҷойи аввалро касб намуд, вале аз рӯи натиҷагирии ҳамаи гурӯҳҳо дар байни 53 нафар 42-юм шуд ва аз ҳаққи ширкат дар нимфинал маҳрум гашт. 16 нафар ба даври ниманиҳӣ роҳ ёфтанд, ки дар байни онҳо Барбора Симанова аз Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 25,44 сония дар мақоми аввал буд. Ӯ дар нимфинал низ натиҷаи беҳтарин нишон дод – 25,33 сония. Сабқати ниҳоӣ бегоҳи имрӯз, 12-уми октябр, бо ширкати ҳашт шиновари беҳтарин аз Ҷопон, Булғористон, Чин, Ҷумҳурии Чех, Ирландия, Словения, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Русия баргузор мешавад.
Ба ин тартиб, ҳарсе варзишгари Тоҷикистон рақобатҳои худро дар Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон дар Буэнос-Айрес ба анҷом расониданд. Ёдовар мешавем, нахуст Сулаймони Ҷамшед дар мусобиқаи ҷудо дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни зери 66 кило дар аввалин қувваозмоияш бар Султон Женишбекови қирғиз пирӯзӣ ба даст овард. Вале ӯ дар даври баъдӣ аз Вугар Толибови озарбойҷонӣ мағлуб гашт. Сулаймон дар даври тасаллобахш низ аз Кими Браво Бланкои кубагӣ шикаст хӯрд ва дар натиҷа ҷойи нӯҳумро соҳиб шуд.
Баъдан варзишгари дигари тоҷик Бежан Файзуллоев дар мусобиқаи тирандозӣ аз таппончаи пневматикӣ ба масофаи 10 метр ширкат кард. Вале ӯ дар даври аввали мусобиқаи интихобӣ бо натиҷаи 538-7 дар байни 20 нафар ҷойи охиринро гирифт.
Боряд гуфт, ки Сулаймони Ҷамшед дар мусобиқаи ҷудо дар рақобатҳои дастаӣ дар ҳайати тими омехта соҳиби медали биринҷӣ гардид. Варзишгарон ба 13 даста тақсим шуда, бо номи шаҳрҳое, ки мизбони Бозиҳои олимпӣ буданд, номгузорӣ шуданд. Паҳлавони ҷавони тоҷик дар ҳайати тими “Рио-де-Жанейро” ҳамроҳ бо якнафарӣ варзишгарон аз Косово, Туркманистон, Алҷазоир, Словения, Қирғизистон, Русия ва Бурунди ҷои сеюмро гирифт.
Вале медали варзишгари тоҷик на ба дастаи Тоҷикистон, балки ба тими омехта, ки таҳти парчами олимпӣ ширкат меварзад, марбут аст. Тими омехта то ҳоло 22 медал (7 тилло, 7 нуқра ва 8 биринҷӣ) гирифтааст.
Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон ҳудуди 4000 варзишгари синашон аз 15 то 18-сола аз 206 кишвари ҷаҳон оид ба 32 намуди варзиш барои 241 маҷмуи медалҳо то рӯзи 18-уми октябр мубориза мебаранд.
Ҳоло дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 27 медал (18 тилло, 6 нуқра, 3 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Маҷористон бо касби 10 медал (8 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва Ҷопон бо касби 14 медал (5 тилло, 4 нуқра, 5 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор доранд.
Умуман, то имрӯз, 12-уми октябр, варзишгарони 66 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон гардидаанд. Аз кишварҳои Осиёи Миёна Қазоқистон бо як медали тилло ва як нуқра дар ҷойи 18-ум, Узбекистон бо 2 медали нуқра ва як медали биринҷӣ дар ҷойи 42-юм, Қирғизистон бо як медали нуқра ва як медали биринҷӣ дар ҷойи 47-ум ва Афғонистон бо як медали биринҷӣ дар ҷойи 57-ум қарор доранд. Вале Тоҷикистону Туркманистон медал нагирифтаанд.
Дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Тоҷикистону Туркманистон, инчунин Латвия медал надорад. Ба ғайр аз Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон боз ҳашт кишвари собиқи шӯравӣ медалҳои Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасонро соҳиб шудаанд: Украина (2 тилло, 1 биринҷӣ, ҷойи 14-ум), Беларус (1 тилло, 2 нуқра, ҷойи 20-ум), Озарбойҷон (1 тилло, 1 биринҷӣ, ҷойи 32-юм), Литва (1 тилло, 1 биринҷӣ, ҷойи 32-юм), Арманистон (1 тилло, ҷойи 35-ум), Молдова (1 тилло, ҷойи 35-ум), Гурҷистон (2 нуқра, 1 биринҷӣ, ҷойи 42-юм) ва Эстония (1 биринҷӣ, ҷойи 57-ум).
Бояд тазаккур дод, варзишгарони тоҷик барои бори сеюм дар Олимпиадаи наврасон ширкат варзиданд. Тоҷикистонро дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки соли 2010 дар Сингапур доир шуд, шаш варзишгар дар шаш намуд намояндагӣ кард. Аз байни онҳо Баҳодур Қодиров (гуштии озод, вазни то 63 кг) медали нуқра ва Шукрона Шарифова (таэквон-до WTF, вазни то 44 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд. Тоҷикистон бо ду медал дар байни 98 кишваре, ки соҳиби медалҳои Олимпиадаи наврасон гардид, дар ҷойи 70-ум қарор гирифт.
Дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон, ки соли 2014 дар Нанҷинги Чин доир шуд, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар дар ҳафт намуд дохил буд. Вале ба ягон нафари онҳо гирифтани медал муяссар нашуд.