Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қодиров ба чечене, ки ӯро "шарманда" кард амри ҳозир шудан дод


Рамазон Қодиров
Рамазон Қодиров

Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров аз як марди ношинос, ки қуттии холии шарбатро бо нидои "Ахмат-сила!" ба сӯи мусофири метро партофт, талаб кард, ки бо хонаводааш ба назди ӯ ҳозир шавад, вагарна ӯро дар "соатҳои башумор" пайдо хоҳанд кард,- навиштааст Қодиров дар "Вконтакте".

Шарҳи Қодиров бар пояи наворе буд, ки ахиран дар гурӯҳи қафқозиҳо дар Instagram нашр шуд. Дар ин навор марде қуттии холии шарбатро ба сӯи мусофири метро мепартояд ва аз ӯ талаб мекунанд, ки "Ахмат-сила!" бигӯянд - манзур клуби варзишии "Терек" -и Грозний аст, ки Қодиров соли гузашта ба хотири падараш Аҳмад Қодиров" номи онро "Аҳмад" гузошт.

Рамазон Қодиров барои рафтори ҳамватанаш аз ҷавони таҳқиршуда узр пурсид ва гуфт, ки ин мард аз чеченҳо намояндагӣ намекунад. "Муаллифи навор ҳақ надорад худро чечен муаррифӣ кунад",- навиштааст Қодиров.

Сокини Чеченистон, ки ба сӯи мусофир қутти холии шарбатро партофт, дар як навори дигар аз рафтори худ изҳори пушаймонӣ кард. Дар ин навор ҷавоне, ки чеҳрааш сиёҳу кабуд буд, худро муаррифӣ накард, аммо гуфт, рабҳраияти кишвар ва хонаводааш ӯро бисёр "ҷанг" карданд.

Со

XS
SM
MD
LG