Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии Сулаймони Ҷамшед дар Олимпиадаи наврасон дар Буэнос-Айрес


Сулаймони Ҷамшед.
Сулаймони Ҷамшед.

Сулаймони Ҷамшед, варзишгари тоҷик, дар Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон, ки дар шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина ҷараён дорад, дар мусобиқаи ҷудо дар рақобатҳои дастаӣ дар ҳайати тими омехта соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Дар рӯзи чоруми мусобиқаи ҷудо – 10-уми октябр - рақобатҳои дастаии омехта сурат гирифт. Варзишгарон ба 13 даста тақсим шуда, бо номи шаҳрҳое, ки мизбони Бозиҳои олимпӣ буданд, номгузорӣ шуданд.

Сулаймони Ҷамшед, ки дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни зери 66 кило ҷои нуҳумро соҳиб шуда буд, дар ҳайати тими “Рио-де-Жанейро” ҳамроҳ бо варзишгарони Косово (Эрза Муминовиқ), Туркманистон (Милана Чоригулиева), Алҷазоир (Ёсамин Ҷиллаб), Словения (Метка Лобник), Қирғизистон (Султон Женишбеков), Русия (Абрек Нагучев) ва Бурунди (Флери Нихозеко) ҷои сеюмро гирифт.

Медали варзишгари тоҷик на ба дастаи Тоҷикистон, балки ба тими омехта, ки таҳти парчами олимпӣ иштирок дорад, марбут аст. Тими омехта ҳамагӣ 13 медал (4 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ) гирифтааст.

Дар сабқати дастаӣ тими “Пекин” ғолиб шуд. Дастаи “Афина” ҷои дуюм, тимҳои “Рио-де-Жанейро” ва “Лондон” ҷойҳои сеюмро азони худ карданд.

Ёдовар мешавем, аз ин пеш Сулаймони Ҷамшед, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи ҷудо дар рақобатҳои инфиродӣ аз рӯи барномаи Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон, ки 7-уми октябр дар Буэнос-Айрес сурат гирифт, дар вазни зери 66 кило дар аввалин қувваозмоияш бар Султон Женишбекови қирғиз пирӯзӣ ба даст овард. Вале ӯ дар даври баъдӣ аз Вугар Толибови озарбойҷонӣ мағлуб гашт. Сулаймон дар даври тасаллобахш низ аз Кими Браво Бланкои кубагӣ шикаст хӯрд ва дар натиҷа ҷойи нӯҳумро гирифт.

Варзишгари дигари тоҷик Бежан Файзуллоев дар мусобиқаи тирандозӣ аз таппончаи пневматикӣ ба масофаи 10 метр аз рӯи барномаи Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон, ки 10-уми октябр дар шаҳри Буэнос-Айрес барпо гардид, ба нокомӣ рӯбарӯ шуд. Бежан дар даври аввали мусобиқаи интихобӣ (квалификатсионӣ) бо натиҷаи 538-7 дар байни 20 нафар дар ҷойи охирин қарор гирифт.

Ҳашт тирандоз аз рӯи натиҷаҳои нишондодаашон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Мусобиқаи ниҳоӣ бо пирӯзии Чаудҳари Саурабҳ аз Ҳиндустон ба анҷом расид. Ба ӯ медали тилло супурда шуд. Юнҳо Сунг аз Кореяи Ҷанубӣ барои ҷойи дуюм бо медали нуқра сарфароз гашт. Ҷасон Солари аз Швейтсария, ки мақоми сеюмро касб намуд, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Дар Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон боз як намояндаи Тоҷикистон - Анастасия Тюрина - рақобат мекунад. Ӯ рӯзҳои 11-12-уми октябр дар ду сабқат – шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули баттерфляй ё парвона ва 50 метр бо тарзи озод - ширкат меварзад.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон ҳудуди 4000 варзишгари синашон аз 15 то 18-сола аз 206 кишвари ҷаҳон оид ба 32 намуди варзиш барои 241 маҷмуи медалҳо то рӯзи 18-уми октябр мубориза мебаранд.

Ҳоло дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 21 медал (16 тилло, 3 нуқра, 2 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шудааст. Маҷористон бо касби 10 медал (8 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва Ҷопон бо касби 10 медал (4 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор доранд. Умуман, то имрӯз, 11-уми октябр, варзишгарони навраси 63 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон гардидаанд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон як медали тилло ва як нуқра, Қирғизистону Узбекистон яктоӣ медали нуқра ва яктоӣ медали биринҷӣ гирифтаанд.

Бояд тазаккур дод, варзишгарони тоҷик барои бори сеюм дар Олимпиадаи наврасон ширкат доранд. Тоҷикистонро дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки соли 2010 дар Сингапур доир шуд, шаш варзишгар дар шаш намуд намояндагӣ кард. Аз байни онҳо Баҳодур Қодиров (гуштии озод, вазни то 63 кг) медали нуқра ва Шукрона Шарифова (таэквон-до WTF, вазни то 44 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд. Тоҷикистон бо ду медал дар байни 98 кишваре, ки соҳиби медалҳои Олимпиадаи наврасон гардид, дар ҷойи 70-ум қарор гирифт.

Дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон, ки соли 2014 дар Нанҷинги Чин доир шуд, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар дар ҳафт намуд дохил буд. Вале ба ягон нафари онҳо гирифтани медал муяссар нашуд.

XS
SM
MD
LG