Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни наврасони то 18-сола бо пирӯзии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ба поён расид.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар миёни наврасони то 18-сола, ки барои аввалин бор баргузор шуд, ҳашт даста ширкат дошт: «Истиқлол», РШВСМ-1, РШВСМ-2 (ҳарсе аз Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Истаравшан» (Истаравшан), «Хатлон» (Бохтар), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Орзу-2026» (Академияи футболи ФФТ, Ҳисор).
Мусобиқаро лигаи футболи кӯдакону наврасон бо дастгирии Созмони футболи Ҷопон доир кард. Мусобиқа дар ду марҳила сурат гирифт. Дар марҳилаи аввал ҳашт даста дар ду давра рақобат кард. Чор дастаи пешсаф муборизаро дар марҳилаи дувум, ки аз ду давра иборат буд, бо натиҷаҳои дар 14 бозӣ ба дастовардаашон идома дод. Дар марҳилаи дуюм ҳар як даста 6 бозӣ кард. Мавқеи дастаҳо дар ҷадвал аз рӯи натиҷагирии 20 бозӣ муайян гардид.
Маросими супурдани мукофотҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон - ҷому медалу ифтихорнома - ба ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқа 8-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир шуд. Дар ин маросим Ҷоми ғолиб ба дастаи наврасони “Истиқлол” , ки дар 20 бозӣ 53 имтиёз гирифт, тақдим гардид. Аъзои даста бо медалҳои тилло сарфароз шуданд.
Ҳайати дастаи «Истиқлол» - қаҳрамони Тоҷикистон миёни наврасон (U-18)
Дарвозабонҳо – Шодмон Орзумамадов, Ҳусниддини Маҳмадалӣ.
Ҳимоятгарон – Шаҳбол Раҷабзод, Фирӯз Фузайлов, Ҳамид Ғуломӣ, Сорбон Ғиёсов, Шоҳрух Қаюмов, Шаҳбози Фаррух, Анушервон Ҳамидов.
Нимҳимоятгарон – Ҳасан Латипов, Абдуқаюм Умаров, Сиёвуш Ҳикматов, Илоҳибахш Сафаров, Ҷовид Неъматов, Фаррух Каримов, Ҳикмат Исмоилов, Азамат Шодиев, Беҳзод Шодиев.
Ҳамлагарон – Муҳаммад Ҳакимзода, Абдуллоҷони Қурбоналӣ, Азаматулло Усмонов, Субҳон Исмоилов, Муҳаммад Гулназарзода.
Сармураббӣ - Юсуф Рабиев.
Ба дастаи «Орзу-2026»-и Академияи футболи ФФТ медалҳои нуқра ва ба тими Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол (РШВСМ) медалҳои биринҷӣ супурда шуд.