Пайвандҳои дастрасӣ

Дакар мизбони Бозиҳои IV тобистонаи олимпии наврасон эълон шуд


Акс аз бойгонӣ.

Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар – мизбони Бозиҳои чоруми тобистонаи олимпии наврасон дар соли 2022 интихоб гардид. Дар ин бора дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) дар Буэнос-Айреси Аргентина эълон шуд.

Дар ин ҷаласа, ки рӯзи 8-уми октябр доир шуд, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах гуфтааст, ки баргузории Бозиҳои олимпии наврасон-2022 сари Сенегал қарор гирифт.

Дар ин ҷаласа президенти Сенегал Маки Салл ширкат дошт. Ӯ иброз доштааст, ки кишвараш лоиҳаи сохтмони варзишгоҳи олимпиро барои 50 ҳазор тамошобин дастгирӣ менамояд. Баргузории мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои чоруми тобистонаи олимпии наврасон дар шаҳрҳои Дакар, Диамниадио ва Сали дар назар аст.

Ба иттилои оҷонсии Ассошиэйтед Пресс, Олимпиадаи наврасон дар соли 2022 моҳҳои май ё июн баргузор мешавад, ки дар ин давра эҳтимоли хавфи заҳролудшавии варзишгарон бо касалиҳои сироятӣ камтар аст.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ моҳи сентябр эълон намуд, ки Сенегал ягона муддаӣ барои доир кардани Бозиҳои соли 2022 ба шумор меравад. КБО дархости Сенегалро дар мубориза бо дархостҳои Ботсвана, Нигерия ва Тунис авлотар шумурд. Пештар дар ҷаласаи КБО дар шаҳри Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ якдилона тасмим гирифта шуда буд, ки Бозиҳои наврасон дар қораи Африқо доир шавад.

Аввалин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон соли 2010 дар Сингапур, Бозиҳои дуюм соли 2014 дар Нанҷинги Чин баргузор шудаанд. Олимпиадаи сеюми наврасон ҳоло дар Буэнос-Айреси Аргентина ҷараён дорад. Бозиҳои чорум соли 2022 дар Дакари Сенегал барпо мегарданд. Зимнан, ин аввалин Бозиҳои олимпӣ хоҳад буд, ки дар қораи Африқо баргузор мешавад.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG