Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Индонезия


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев барои гузаронидани ҷамъомади таълимию тамринӣ пеш аз мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё-2018 рӯзи 9-уми октябр ба Индонезия сафар кард.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони зери 19-сола, ки аз 18-уми октябр то 4-уми ноябр дар Индонезия баргузор мешавад, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “D” бо тимҳои Чин (20-уми октябр), Малайзия (23-юми октябр) ва Арабистони Саудӣ (26-уми октябр) рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳо бо ширкати футболбозони ҷавони тоҷик дар варзишгоҳи “Патриот Сандрабага”-и шаҳри Бекаси доир мегардад.

Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба чорякфинал мебароянд. Агар мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёбад, онгоҳ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “С” – Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Урдун – рӯбарӯ мешавад.

Чор дастаи беҳтарини қаҳрамонии Осиё-2018 дар Индонезия ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон (U-20), ки соли оянда дар Лаҳистон барпо мегардад, мушарраф мешавад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) сармураббӣ Мубин Эргашев 23 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро дохил намудааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) барои иштирок дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Ҳомидҷон Исҳоқов (ҳарду аз «Барқчӣ»), Меҳвар Сулаймонов (бозигари озод);

Ҳимоятгарон: Алишер Баротов, Наимҷон Иброҳимзода (ҳарду аз «Хатлон»), Ҳусейн Нурматов, Султоншо Мирзоев, Ваҳдат Ханонов, Ҳувайдои Гулмурод, Оятулло Сафаров, Манучеҳр Сафаров, Маҳмадзарифи Абдураҳим (ҳама аз «Барқчӣ»);

Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов, Абдулмуъмин Забиров, Саидмухтор Азимов, Шервонӣ Мабатшоев, Далер Ёдгоров, Зиёвуддин Фузайлов (ҳама аз «Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Барқчӣ»).

Сармураббӣ - Мубин Эргашев.

Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2018 миёни ҷавонон (U-19)
Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

20-уми октябр (шанбе)
14:00. Арабистони Саудӣ – Малайзия
17:00. Тоҷикистон – Чин

Даври 2-юм

23-юми октябр (сешанбе)
14:00. Чин – Арабистони Саудӣ
17:00. Малайзия – Тоҷикистон

Даври 3-юм

26-уми октябр (ҷумъа)
17:00. Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон
17:00. Чин – Малайзия

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - бо вақти Душанбе

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG