Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон ба финали "Bangabandhu Gold Cup" баромад


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки дар бозии ниманиҳоии ​мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми тиллоии Бангабанду ("Bangabandhu Gold Cup") дар Бангладеш бар тими миллии Филиппин бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд, ба финал баромад.

Бозии ниманиҳоӣ миёни тимҳои миллии Филиппин ва Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 9-уми октябр дар варзишгоҳи «Кокс-Бозор» барпо гардид. Зарбаҳои нишонраси Комрон Турсунов ва Аҳтам Назаров ба мунтахаби Тоҷикистон пирӯзӣ оварданд.

Филиппин – Тоҷикистон - 0:2

Голҳо: Комрон Турсунов, 31 (0:1). Аҳтам Назаров, 90+7 (0:2).

Тоҷикистон: Рустам Ризоев, Сиёвуш Асроров, Хуршед Бекназаров, Амирбек Ҷӯрабоев (Ойбек Абдуғаффоров, 90+10), Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров, Муҳаммадҷон Раҳимов (Нозим Бобоҷонов, 70), Ҳикматулло Расулов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Комрон Турсунов, Ҷаҳонгир Эргашев (Комрони Мирзонаҷот, 88).

Огоҳӣ: Ян Кларино, Анхел Гуирадо (Филиппин), Муҳаммадҷон Раҳимов (Тоҷикистон).

Сардовар: Маҳмуд Ал-Маҷарафӣ (Умон).

9 октябр. Варзишгоҳи“Кокс-Бозор” (Бангладеш).

Ҳамакнун футболбозони тоҷик дар бозии ниҳоӣ, ки 12-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии Бангабандуи шаҳри Дакка, пойтахти Бангладеш, баргузор мешавад, бо тими Фаластин рақобат мекунад. Фаластиниҳо дар бозии дигари ниманиҳоӣ, ки 10-уми октябр дар варзишгоҳи «Кокс-Бозор» барпо гардад, тими Бангладешро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳоро Муҳаммад Балаҳ дар дақиқаи 8-уми ва Самеъ Марааба дар дақиқаи 90+4 ба самар расонданд

Ёдовар мешавем, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ шаш тими миллӣ иштирок кард. Дар марҳилаи аввал дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд: гурӯҳи «А» - Тоҷикистон, Фаластин, Непал ва гурӯҳи «В» - Филиппин, Бангладеш ва Лаос.

Мунтахаби Фаластин, ки дар ҳарду бозиаш бар тимҳои Тоҷикистон (2:0) ва Непал (1:0) ғолиб омад, дар гурӯҳи “А” бо 6 имтиёз мақоми аввалро касб намуд. Мунтахаби Тоҷикистон, ки бар тими Непал (2:0, Фатҳулло Фатҳуллоев, 27 – аз пеналтӣ ва Комрон Турсунов, 70) пирӯз шуда, аз дастаи Фаластин (0:2) мағлуб гашт, бо 3 имтиёз ҷойи дуюмро соҳиб шуд. Вале тими Непал бидуни имтиёз дар мақоми севум қарор гирифт.

Мунтахаби Филиппин, ки дар ҳарду бозиаш бар тимҳои Лаос (3:1) ва Бангладеш (1:0) пирӯз шуд, дар гурӯҳи “В” бо 6 имтиёз ғолиб гашт. Мунтахаби Бангладеш, ки бар тими Лаос (1:0) ғолиб омада, аз дастаи Филиппин (0:1) мағлуб гашт, бо 3 имтиёз ҷойи дуюмро ишғол намуд. Вале тими Ласос бидуни имтиёз дар зинаи севум ҷой гирифт.

Бар асоси дастури мусобиқа аз ҳар гурӯҳ ду даста ба нимфинал баромад. Ду дастаи ғолиби бозиҳои ниманиҳоӣ дар финал барои Ҷоми тиллоии Бангабанду ("Bangabandhu Gold Cup") мубориза мебарад.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон:

Даврозабонҳо: Рустам Ризоев («Регар-ТадАЗ»), Беҳрӯз Хайриев («Истиқлол»);

Ҳимоятгарон: Манучеҳр Аҳмадов, Хуршед Бекназаров (ҳарду аз «Хуҷанд»), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир (ҳарчор аз «Истиқлол»), Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Қаландаров, (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон: Фатҳулло Фатҳуллоев, Нозим Бобоҷонов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Доробҷон Эргашев, Комрони Мирзонаҷот, Муҳсинҷон Абдуғаффоров (ҳарсе аз ССКА «Помир»), Ҳикматулло Расулов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров (ҳарду аз «Хуҷанд»), Комрон Турсунов («Истиқлол»).

И.в. сармураббӣ Алишер Тухтаев.

Мусобиқаи байналмилалӣ «Bangabandhu Gold Cup» дар Бангладеш

Гурӯҳи «А»: Фаластин, Непал, Тоҷикистон.

Гурӯҳи«В»: Филиппин, Бангладеш, Лаос.

Даври 1-ум

1-уми октябр (душанбе)

Бангладеш – Лаос – 1:0. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет

2-юми октябр (сешанбе)

Непал – Тоҷикистон - 0:2. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет

Даври 2-юм

3-юми октябр (чршанбе)

Филиппин – Лаос – 3:1. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет

4-уми октябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Фаластин – 0:2. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет

Даври 3-юм

5-уми октябр (ҷумъа)

Бангладеш – Филиппин – 0:1. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет

6-уми октябр (шанбе)

Фаластин – Непал – 1:0. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет

Нимфинал

9-уми октябр (сешанбе)

Филиппин – Тоҷикистон – 0:2. Варзишгоҳи «Кокс-Бозор», Кокс-Бозор

10-уми октябр (чоршанбе)

13:30 – Фаластин – Бангладеш. Варзишгоҳи «Кокс-Бозор», Кокс-Бозор

Финал

12-уми октябр (ҷумъа)

17:30 – Варзишгоҳи миллии Бангабанду, Дакка

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG