Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавони тоҷик ба истеъмоли "допинг" муттаҳам мешавад


Умед Ҳасанбеков, паҳлавони тоҷик.
Умед Ҳасанбеков, паҳлавони тоҷик.

Умед Ҳасанбеков, узви дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон, бо тасмими Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) барои истеъмоли допинг ё маводи дорувории барои варзишгарон мамнуъ муваққатан аз ҳаққи ширкат дар ҳамагуна мусобиқоти байналмилалӣ маҳрум гаштааст. Дар ин бора FIAS дар сомонаи расмии худ хабар додааст.

Дар рӯйхати нашркардаи Федератсияи байналмилалии самбо номи се варзишгар – Никита Яшин, Аслан Камбиев (ҳарду аз Русия) ва Умед Ҳасанбеков (Тоҷикистон) - зикр шудааст, ки дар истеъмоли маводи мамнуъ ё допинг дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ муттаҳам мешаванд.

Бар асосои қоидаҳои байналмилалӣ, Умед Ҳасанбековро метавонанд аз Бозиҳои осиёӣ дар Индонезия хориҷ намуда, натиҷаҳои нишондодаашро дар мусобиқаи самбо бекор намоянд ва ӯро аз медали нуқра маҳрум созанд.

Ба иттилои ин манбаъ, бар асоси Қоидаҳои зиддидопинги FIAS 12-уми сентябри соли равон ҳангоми ташхис дар бадани Умед Ҳасанбеков маводҳои мамнуъ -- станозолол ва марбути метаболит (Stanozolol -- 3-hydroxystanazolol, 4- hydroxystanozolol, 16B-hydroxystanozolol) ёфт шудааст, ки Оҷонсии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) онҳоро ба “рӯйхати сиёҳ”-аш ворид кардааст.

Ин се варзишгар барои истифодаи допинг аз ҳаққи ширкат дар мусобиқот муваққатан маҳрум шудаанд ва ҷазоҳои дигареро, ки ба онҳо дода мешавад, Федератсияи байналмилалии самбо ва ташкилкунандагони мусобиқот муайян мекунанд.

Ёдовар мешавем, Умед Ҳасанбекови 30-сола, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи самбо аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки имсол дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия баргузор шуд, медали нуқра гирифт.

Ӯ рӯзи 1-уми сентябр дар мусобиқаи самбо дар вазни зери 90 кило дар даври аввал бар Каизен Чуанги 23-сола аз Тайбэйи Чин бо ҳисоби 4:0 ғолиб омад. Баъдан дар чорякфинал бар Рио Акбар Баҳории 23-сола аз Индонезия бо ҳисоби 4:0 дастболо шуд. Умед дар даври ниманиҳоӣ бар Айбол Айтбеки 25-сола аз Қазоқистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард ва ба финал баромад. Ӯ дар даври ниҳоӣ аз Камолиддин Холмаматови 27-сола аз Узбекистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Ҳамин тариқ, Холмаматов бо медали тилло ва Ҳасанбеков бо медали нуқра мукофотонида шуданд.

Бар асосои қоидаҳои байналмилалӣ, Умед Ҳасанбековро метавонанд аз Бозиҳои осиёӣ дар Индонезия хориҷ намуда, натиҷаҳои нишондодаашро дар мусобиқаи самбо бекор намоянд ва ӯро аз медали нуқра маҳрум созанд.

Бояд тазаккур дод, аз ин пеш хабари истеъмоли маводи мамнуъ аз ҷониби ду варзишгари Тоҷикистон – Хуршед Бекназаров, узви мунтахаби ҷавонони футболи кишвар ва Зелимхон Юсупов, узви мунтахаби гуштии озод, расонаӣ шуда буд.

Қаблан фулболбози тоҷик Хуршед Бекназаров барои истеъмоли допинг муҷозот шуда буд.
Қаблан фулболбози тоҷик Хуршед Бекназаров барои истеъмоли допинг муҷозот шуда буд.

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) моҳи ноябри соли 2014 Хуршед Бекназарови 20-сола, узви тими миллии ҷавонони Тоҷикистонро барои ду сол аз ҳаққи бозӣ маҳрум кард. Ин ниҳод гуфта буд, ки Бекназаров дар мусобиқоти футболи Бозиҳои 17-уми осиёӣ дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ аз допинг истифода кардааст.

Дар натиҷаи ташхис маълум шудааст, ки Хуршед Бекназаров доруи тавонбахши “метилҳексанамин” хӯрдааст. Ин мавод дар феҳрасти доруҳои мамнӯъест, ки Оҷонси байналмилалии зидди допинг (WADA) таҳия кардааст. Зимнан, баъди адои ҷазо ин футболбози тоҷик, ки феълан дар бошгоҳи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бозӣ мекунад, ҳоло дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Бангладеш ширкат дорад.

Иттиҳодияи ҷаҳонии гуштӣ ба далели истифодаи допинг дар ҷараёни мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод дар Қатар Зелимхон Юсуповро ба муддати чаҳор сол аз ҳаққи иштирок дар мусобиқот маҳрум кард. Ташхиси пешоби Зелимхон Юсупов, ки моҳи майи соли 2015, баъди қувваозмоии ниҳоӣ дар вазни то 70 кило дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё анҷом шуд, дар бадани ин гуштигири 31-сола вуҷуди “диметилбутиламин” ном як доруи тавонбахши мамнӯъро нишон додааст.

XS
SM
MD
LG