Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон дар нимфинал бо Филиппин рақобат мекунад


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ​дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми тиллоии Бангабанду ("Bangabandhu Gold Cup"), ки дар Бангладеш ҷараён дорад, дар гурӯҳи “А” ҷойи дуюмро гирифт ва ба нимфинал баромад. Рақибаш дар даври ниманиҳоӣ мунтахаби Филиппин мебошад.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз мунтахаби Тоҷикистон тимҳои миллии Филиппин, Фаластин, Бангладеш, Непал ва Лаос иштирок доранд. Дар марҳилаи аввал дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд: гурӯҳи «А» - Тоҷикистон, Фаластин, Непал ва гурӯҳи «В» - Филиппин, Бангладеш ва Лаос.

Мунтахаби Фаластин, ки дар ҳарду бозиаш бар тимҳои Тоҷикистон (2:0) ва Непал (1:0) ғолиб омад, дар гурӯҳи “А” бо 6 имтиёз мақоми аввалро касб намуд. Мунтахаби Тоҷикистон, ки бар тими Непал (2:0, Фатҳулло Фатҳуллоев, 27 – аз пеналтӣ ва Комрон Турсунов, 70) пирӯз шуда, аз дастаи Фаластин (0:2) мағлуб гашт, бо 3 имтиёз ҷойи дуюмро соҳиб шуд. Вале тими Непал бидуни имтиёз дар мақоми севум қарор гирифт.

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «А»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Фаластин

2

2

0

0

3-0

6

2

Тоҷикистон

2

1

0

1

2-2

3

3

Непал

2

0

0

2

0-3

0

Мунтахаби Филиппин, ки дар ҳарду бозиаш бар тимҳои Лаос (3:1) ва Бангладеш (1:0) пирӯз шуд, дар гурӯҳи “В” бо 6 имтиёз ғолиб гашт. Мунтахаби Бангладеш, ки бар тими Лаос (1:0) ғолиб омада, аз дастаи Филиппин (0:1) мағлуб гашт, бо 3 имтиёз ҷойи дуюмро ишғол намуд. Вале тими Ласос бидуни имтиёз дар зинаи севум ҷой гирифт.

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «В»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Филиппин

2

2

0

0

4-1

6

2

Бангладеш

2

1

0

1

1-1

3

3

Лаос

2

0

0

2

1-3

0

Бар асоси дастури мусобиқа аз ҳар гурӯҳ ду даста ба нимфинал баромад. Дар марҳилаи плей-офф бозиҳо аз рӯи системи олимпӣ сурат мегиранд, яъне дастаи мағлубшуда аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум мегардад.

Ба ин тартиб, дар нимфинал 9-уми октябр дар варзишгоҳи «Кокс-Бозор» мунтахаби Филиппин бо тими Тоҷикистон ва 10-уми октябр дастаи Фаластин бо мунтахаби Бангладеш рақобат мекунанд. Ду дастаи ғолиби бозиҳои ниманиҳоӣ ба финал мебароянд. Бозии ниҳоӣ 12-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии Бангабандуи шаҳри Дакка, пойтахти Бангладеш, баргузор мешавад.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон:

Даврозабонҳо: Рустам Ризоев («Регар-ТадАЗ»), Беҳрӯз Хайриев («Истиқлол»);

Ҳимоятгарон: Манучеҳр Аҳмадов, Хуршед Бекназаров (ҳарду аз «Хуҷанд»), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир (ҳарчор аз «Истиқлол»), Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Қаландаров, (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон: Фатҳулло Фатҳуллоев, Нозим Бобоҷонов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Доробҷон Эргашев, Комрони Мирзонаҷот, Муҳсинҷон Абдуғаффоров (ҳарсе аз ССКА «Помир»), Ҳикматулло Расулов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров (ҳарду аз «Хуҷанд»), Комрон Турсунов («Истиқлол»).

И.в. сармураббӣ Алишер Тухтаев.

Мусобиқаи байналмилалӣ «Bangabandhu Gold Cup» дар Бангладеш

Гурӯҳи «А»: Фаластин, Непал, Тоҷикистон.

Гурӯҳи«В»: Филиппин, Бангладеш, Лаос.

Даври 1-ум

1-уми октябр (душанбе)

Бангладеш – Лаос – 1:0. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет

2-юми октябр (сешанбе)

Непал – Тоҷикистон - 0:2. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет

Даври 2-юм

3-юми октябр (чршанбе)

Филиппин – Лаос – 3:1. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет

4-уми октябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Фаластин – 0:2. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет

Даври 3-юм

5-уми октябр (ҷумъа)

Бангладеш – Филиппин – 0:1. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет

6-уми октябр (шанбе)

Фаластин – Непал – 1:0. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет

Нимфинал

9-уми октябр (сешанбе)

13:30 – Филиппин – Тоҷикистон. Варзишгоҳи «Кокс-Бозор», Кокс-Бозор

10-уми октябр (чоршанбе)

13:30 – Фаластин – Бангладеш. Варзишгоҳи «Кокс-Бозор», Кокс-Бозор

Финал

12-уми октябр (ҷумъа)

17:30 – Варзишгоҳи миллии Бангабанду, Дакка

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG