Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии аввалин варзишгари тоҷик дар Олимпиадаи наврасон дар Буэнос-Айрес


Сулаймони Ҷамшед.
Сулаймони Ҷамшед.

Сулаймони Ҷамшед, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон, ки 7-уми октябр дар шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина шуруъ шуд, ноком гардид.

Ҷамшед бар асоси қуръакашӣ дар вазни зери 66 кило аз даври дуюм вориди рақобат шуд. Ӯ дар аввалин қувваозмоияш бар Султон Женишбекови қирғиз пирӯзӣ ба даст овард. Вале паҳлавони навраси тоҷик, ки дар даври баъдӣ аз Вугар Толибови озарбойҷонӣ мағлуб гашт, дар даври тасаллобахш низ аз Кими Браво Бланкои кубагӣ шикаст хӯрд ва дар натиҷа ҷойи нӯҳумро гирифт.

Дар ин вазн, ки ҳамагӣ 17 гуштигир ширкат дошт, дар қувваозмоии ниҳоӣ Вугар Толибов бар Арбек Нагучеви русиягӣ ғолиб омад ва бо медали тилло сарфароз гашт. Нагучев медали нуқра, Антонио Дорнал аз Ҷумҳурии Доминикан ва Ҷавиер Пена Инсаусти аз Испания бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар ин бозиҳо боз ду варзишгари тоҷик рақобат мекунад. Бежан Файзуллоев дар тирандозӣ аз таппончаи пневматикӣ ба масофаи 10 метр рӯзи 10-уми октябр вориди рақобат мешавад. Анастасия Тюрина рӯзҳои 11-12-уми октябр дар ду сабқат – шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули баттерфляй ё парвона ва 50 метр, тарзи озод - ширкат меварзанд.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон бештар аз 4000 варзишгари синашон аз 15 то 18-сола аз 206 кишвари ҷаҳон оид ба 32 намуди варзиш барои 241 маҷмӯи медалҳо то 18-уми октябр мубориза мебаранд.

Бояд тазаккур дод, варзишгарони тоҷик барои бори сеюм дар Олимпиадаи наврасон ширкат доранд. Тоҷикистонро дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки соли 2010 дар Сингапур доир шуд, шаш варзишгар дар шаш намуд намояндагӣ кард: Баҳодур Қодиров (гуштии озод, вазни то 63 кг), Абдуқодир Баротов (гурзандозӣ), Сиёвуш Зуҳуров (бокс, вазни то 91 кг), Даврон Атобоев (варзиши сабук, давидан ба масофаи 200 метр), Кристина Зайниддинова (камонварӣ) ва Шукрона Шарифова (таэквон-до WTF, вазни то 44 кг).

Аз байни онҳо Баҳодур Қодиров медали нуқра ва Шукрона Шарифова медали биринҷӣ ба даст оварданд. Тоҷикистон бо ду медал дар байни 98 кишваре, ки соҳиби медалҳои Олимпиадаи наврасон гардид, дар ҷойи 70-ум қарор гирифт.

Дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон, ки соли 2014 дар Нанҷинги Чин доир шуд, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар дар ҳафт намуд дохил буд: Фаррухи Салим (ҷудо, вазни то 81 кг), Ҷаъфар Шерматов(тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр), Меҳрангез Назарова (варзиши сабук, давидан ба масофаи 3000 метр), Карина Климик (шиноварӣ ба масофаи50 метр бо усули озод), Аниса Замирова (камонварӣ), Равзатуллоҳ Исоев(гуштии юнониву румӣ, вазни то 42 кг), Тоҳирҷон Охонов (гуштии юнониву румӣ, вазни то 85 кг) ва Фирӯз Ёқубов (гуштии озод, вазни то 100 кг). Вале ба ягон нафари онҳо гирифтани медал муяссар нашуд.

XS
SM
MD
LG