Рӯзи 7-уми октябр дар шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон баргузор шуд. Президенти Аргентина Маурисио Макрӣ бозиҳоро кушода эълон кард.
Дар таърихи баргузории Олимпиадаи наврасон барои аввалин бор маросими ифтитоҳи бозиҳо берун аз варзишгоҳ, дар майдони марказии Буэнос-Айрес, дар назди Лавҳаи ёдгорие, ки дар ҷаҳон маъруф аст, доир гардид.
Нахуст ба тамошобинон шоу-барномаи ҷолиб пешкаш шуд. Баъдан паради варзишгарон-ширкаткунандагони бозиҳо сурат гирифт. Бардошта бурдани парчами Тоҷикистон ба дӯши барандаи медали нуқраи мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо Сулаймони Ҷамшед буд.
Аз рӯи анъана дар ҷараёни маросими ифтитоҳи бозиҳо парчами кишвари мизбон ва Кумитаи байналмилалии олимпӣ барафрохта, гимни олимпӣ садо дод, оташи олимпӣ даргиронда шуд, ки дар майдони марказии Буэнос-Айрес то рӯзи 18-уми октябр фурӯзон хоҳад буд.
Дар маросими ифтитоҳи бозиҳо президенти Кумитаи бйналмилалии олимпӣ Томас Бах зимни суханрониаш гуфт, “мо аз ҳар гӯшаи олам бо фарҳангҳои гуногун ин ҷо ҷамъ омадем, аммо ҳамаи моро арзишҳои олимпӣ, дӯстӣ ва эҳтироми якдигар ба ҳам меорад”.
Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон бештар аз 4000 варзишгари синашон аз 15 то 18-сола аз 206 кишвари ҷаҳон оид ба 32 намуди варзиш барои 241 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.
Дар ин Бозиҳо Тоҷикистонро се варзишгар дар се намуд намояндагӣ мекунад. Бежан Файзуллоев дар тирандозӣ аз таппончаи пневматикӣ ба масофаи 10 метр, Сулаймони Ҷамшед дар намуди ҷудо дар вазни зери 66 килограмм ва Анастасия Тюрина дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод ва 50 метр бо усули баттерфляй (butterfly) ё парвона ширкат меварзанд.
Бояд тазаккур дод, варзишгарони тоҷик барои бори севум дар Олимпиадаи наврасон ширкат доранд. Тоҷикистонро дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки соли 2010 дар Сингапур доир шуд, шаш варзишгар дар шаш намуд намояндагӣ кард: Баҳодур Қодиров (гуштии озод, вазни то 63 кг), Абдуқодир Баротов (гурзандозӣ), Сиёвуш Зуҳуров (бокс, вазни то 91 кг), Даврон Атобоев (варзиши сабук, давидан ба масофаи 200 метр), Кристина Зайниддинова (камонварӣ) ва Шукрона Шарифова (таэквон-до WTF, вазни то 44 кг).
Аз байни онҳо Баҳодур Қодиров медали нуқра ва Шукрона Шарифова медали биринҷӣ ба даст оварданд. Тоҷикистон бо ду медал дар байни 98 кишваре, ки соҳиби медалҳои Олимпиадаи наврасон гардид, дар ҷойи 70-ум қарор гирифт.
Дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон, ки соли 2014 дар Нанҷинги Чин доир шуд, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар дар ҳафт намуд дохил буд: Фаррухи Салим (ҷудо, вазни то 81 кг), Ҷаъфар Шерматов (тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр), Меҳрангез Назарова (варзиши сабук, давидан ба масофаи 3000 метр), Карина Климик (шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули озод), Аниса Замирова (камонварӣ), Равзатуллоҳ Исоев (гуштии юнониву румӣ, вазни то 42 кг), Тоҳирҷон Охонов (гуштии юнониву румӣ, вазни то 85 кг) ва Фирӯз Ёқубов (гуштии озод, вазни то 100 кг). Вале ба ягон нафари онҳо гирифтани медал муяссар нашуд.