Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия иттиҳоми ташкили ҳамлаҳои ҳакерӣ дар ҷаҳонро рад мекунад


FBI ҳафт мансабдори Русияро ҷустуҷӯ мекунад
FBI ҳафт мансабдори Русияро ҷустуҷӯ мекунад

Намояндагони идораҳои расмии Русия иттиҳоми ҳамлаҳои ҳакерӣ дар саросари ҷаҳонро рад мекунанд. Раҳбари Шӯрои федератсияи Русия Валентина Матвиенко рӯзи 5 октябр ин айбномаро "фейк" ё "дуруғ" унвон кард. "Инҳо бояд ҳар рӯз таҳдиди Русияро таъкид кунанд ва ҳар рӯз дар зеҳни бошандагони ғарб андешаи таҳдиди Русияро ҷой кунанд, барои ҳамин ҳар рӯз ба пахши хабарҳое идома медиҳанд, ки сохта ва дуруғ буданашон аён аст",- гуфт "Интерфакс" аз қали Матвиенко.

Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков дар шарҳи иттиҳоми зидди истихбороти Русия танҳо ҳаминро гуфт, ки ин айбмониҳо ба натиҷаи музокироти президент Путин бо нахуствазири Ҳиндустон дар Деҳлии Нав таъсир намегузорад. Дар гуфтушунидҳо қарор шуд, ки Ҳиндустон аз Русия ба маблағи 5 миллиард доллар маҷмаи мушкаҳои зидди ҳавоии С-400 мехарад.

Вазорати корҳои хориҷии Русия иттиҳоми Нидерландия дар робита ба даст доштани истихбороти низомии Русия дар ҳамлаҳои ҳакерии саросари ҷаҳонро "саҳнасозии таблиғотӣ" унвон кард. Муовини вазири хориҷӣ Сергей Рябков дар заминаи иттиҳоми ИМА бар зидди Русия гуфт: "дар Вашингтон талош доранд то нагузоранд, ки достони бофтаи дахолати Русия ба умури интихоботи соли 2016-и Амрикоро аз ҳам бипошад. Ин аст, ки ин достонро бо қиссаҳои тақаллубии дигар пурра мекунанд ва барои эълони таҳримҳои нав ҷомеаи ҷаҳониро фиреб медиҳанд".

Путин то ҳол ба иттиҳоми зидди истихбороти низомии Русия вокуниш накардааст. Вазорати дифоъ низ то ҳол хомуш аст.

XS
SM
MD
LG