Дар шаҳри Токио рӯзи 5 октябр дар поёни музокироти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Япония Синдзе Абэ маросими имзои чанд санад баргузор шуд. Вебсайти президенти Тоҷикистон навишт, ки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Япония чанд санадро ба имзо расониданд, аз ҷумла:
Барномаи ҳамкории байни вазоратҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2019-2021; Ёддошти табодулӣ вобаста ба лоиҳаи “Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ” (лоиҳаи JDS); Созишномаи грантии лоиҳаи “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)”; Ёддошти тафоҳум оид ба давраи машқу тамрини пеш аз Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020; Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдову саноати Тоҷикистон ва Япония.
Ба иттилои расмӣ, дар ҷараёни мулоқоти раҳбарияти ду кишвар дар Токио масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, баррасии таҳдидҳои амниятӣ, вазъи Афғонистон ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Япония дар чаҳорчӯби Муколамаи “Япония + Осиёи Марказӣ” ҷараён гирифт. Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо Сандзо Абэ гуфт, “Япония дар сиёсати хориҷии давлати мо ҳамчун кишвари пешрафтаи олам мақоми хоса дорад ва мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ давлати шуморо ҳамчун шарики муҳим дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ менамоем”.
Эмомалӣ Раҳмон мавқеи Тоҷикистону Японияро дар масоили зиёди сатҳи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ “ҳамсон ва наздик” арзёбӣ кард ва гуфт, кӯмаки дастгирии Япония дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоии Тоҷикистон хеле муҳим аст.
Тоҷикистон мегӯяд, дар ин кишвар 426 лоиҳаи иҷтимоӣ аз ҷониби ҳукумати Япония бо маблағи беш аз 350 миллион доллар маблағгузорӣ шудааст. Таҷдиди роҳи мошингарди “Дӯстӣ-Панҷи Поён” ва “Қӯрғонтеппа - Дӯстӣ” – аз намунаи ин ҳамкориҳо буда, ба қавли Э.Раҳмон, “ҷавобгӯи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвари мо дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад”. Дар амри татбиқи тарҳҳои мазкур дар Тоҷикистон Агентии байналмилалии ҳамкории Япония (JICA) саҳми муҳим доштааст.
Ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо дар соли гузашта 40 миллион доллари америкоиро ташкил дод, ки нисбат ба соле аз ин пеш 10 миллион доллар зиёд мебошад.
Президенти Тоҷикистон аз 2 октябр бо як сафари расмӣ дар Япония қарор дорад.