Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Олимпиадаи наврасон дар Аргентина 3 варзишгари тоҷик рақобат мекунад


Сулаймони Ҷамшед.
Сулаймони Ҷамшед.

Дар Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон, ки аз 6-ум то 18-уми октябр дар шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина баргузор мешавад, Тоҷикистонро се варзишгар Сулаймони Ҷамшед, Бежан Файзуллоев ва Анастасия Тюрина - намояндагӣ мекунанд.

Бежан Файзуллоев дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасон, ки соли гузашта дар Вакои Ҷопон доир шуд, дар тирандозӣ аз таппончаи пневматикӣ ба масофаи 10 метр аз 600 имтиёзи имконпазир 548 имтиёз ба даст овард. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки меъёри муқарраршударо ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи наврасон иҷро намояд.

Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони тоҷик барои бори севум дар Олимпиадаи наврасон ширкат меварзанд.

Сулаймони Ҷамшед дар намуди ҷудо дар вазни зери 66 килограмм соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи наврасон гардид. Ӯ, ки дар Қазоқистон таҳти раҳбарии мураббӣ Ҳамзаалӣ Раҳматов тамрин мекунад, дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. Вай имсол дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон дар Тошканд, Иссиқкӯл ва Макао бо медалҳои тилло мукофотонида шудааст. Сулаймон барандаи медали нуқраи мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон дар Бейрути Лубнон мебошад.

Анастасия Тюрина севумин варзишгарест аз Тоҷикистон, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон дар Буэнос-Айреси Аргентина мушарраф шудааст. Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) номзадии ӯро барои ширкат дар Бозиҳои олимпии наврасон-2018 тасдиқ кардааст. Ӯ дар Олимпиадаи наврасон дар намуди шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод ва 50 метр бо усули баттерфляй (butterfly) ё парвона ширкат меварзад.

Анастасия Тюрина
Анастасия Тюрина

Зимнан, Анастасия Тюрина дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ва Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёии соли 2018 дар Индонезия дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кардааст.

Ба ҳайати Тоҷикистон, ки 4-уми октябр бо раҳбарии мудири шуъбаи Кумитаи миллии олимпӣ Мавзуна Чориева озими Аргентина шуд, ба ҷуз се варзишгар, мураббиёни онҳо Ҳамзаалӣ Раҳматов (ҷудо), Олег Набиев (тирандозӣ) ва Ориф Ҷӯраев (шиноварӣ), инчунин волонтёр – сафири ҷавони Тоҷикистон дар Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон Амирҷон Урунов шомиланд.

Ба барномаи бозиҳо 32 намуди варзиш, монанди аспсаворӣ, бадминтон, баскетбол 3х3, бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, велосипедронӣ, волейболи соҳилӣ, гимнастика, голф, ҷудо, заврақронӣ, камонварӣ, каратэ, қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, таэквондо, теннис, тенниси рӯи миз, тирандозӣ, футзал, ҳандболи соҳилӣ, чавгонбозӣ, шамшербозӣ, шиноварӣ, шӯхпаймоӣ ва ғайра дохил аст.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон ҳудуди 4000 варзишгари синашон аз 15 то 18-сола аз 206 кишвари ҷаҳон барои 241 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.

Мусобиқаи ҷудо рӯзҳои 7-10-уми октябр доир мегардад. Варзишгари навраси тоҷик Сулаймони Ҷамшед рӯзи 7-уми октябр дар вазни то 66 кило рақобат мекунад. Бежан Файзуллоев дар тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр рӯзи 10-уми октябр вориди рақобат мешавад. Анастасия Тюрина рӯзҳои 11-12-уми октябр дар ду сабқат – шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули баттерфляй ва 50 метр, тарзи озод иштирок мекунад.

Ба барномаи Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон нисбат ба Олимпиадаи соли 2014 дар Нанҷинги Чин намудҳои нави варзиш: акробатика, шухпаймоӣ, каратэ ва брейк-данс дохил шудааст. Ба ҷуз ин, бокси занона, навъҳои ҷадид дар қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ илова шудаанд. Футбол ва ҳандболи классикиро футзал ва ҳандболи соҳилӣ иваз намудаанд.

Маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон 6-уми октябр дар Буэнос-Айрес баргузор мешавад. Маросими пӯшидашавии Бозиҳо 18-уми октябр дар пойтахти Аргентина барпо мегардад.

Бояд тазаккур дод, варзишгарони тоҷик барои бори севум дар Олимпиадаи наврасон ширкат меварзанд. Тоҷикистонро дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки соли 2010 дар Сингапур доир шуд, шаш варзишгар намояндагӣ кард: Баҳодур Қодиров (гуштии озод, вазни то 63 кг), Абдуқодир Баротов (гурзандозӣ), Сиёвуш Зуҳуров (бокс, вазни то 91 кг), Даврон Атобоев (варзиши сабук, давидан ба масофаи 200 метр), Кристина Зайниддинова (камонварӣ) ва Шукрона Шарифова (таэквон-до WTF, вазни то 44 кг).

Баҳодур Қодиров медали нуқра ва Шукрона Шарифова медали биринҷӣ ба даст оварданд. Тоҷикистон бо ду медал дар байни 98 кишваре, ки соҳиби медалҳои Олимпиадаи наврасон гардид, дар ҷойи 70-ум қарор гирифт.

Дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон, ки соли 2014 дар Нанҷинги Чин доир шуд, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар дохил буд: Фаррухи Салим (ҷудо, вазни то 81 кг), Ҷаъфар Шерматов (тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр), Меҳрангез Назарова ( варзиши сабук, давидан ба масофаи 3000 метр), Карина Климик (шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули озод), Аниса Замирова (камонварӣ), Равзатуллоҳ Исоев (гуштии юнониву румӣ, вазни то 42 кг), Тоҳирҷон Охонов (гуштии юнониву румӣ, вазни то 85 кг) ва Фирӯз Ёқубов (гуштии озод, вазни то 100 кг). Вале ба ягон нафари онҳо гирифтани медал муяссар нашуд.

XS
SM
MD
LG