Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мардони шатранҷбози тоҷик бар Тайбейи Чин ва бохти занон ба Австрия


Мутриба Ҳотамӣ, шатранҷбози тоҷик. Акс аз бойгонӣ.
Мутриба Ҳотамӣ, шатранҷбози тоҷик. Акс аз бойгонӣ.

Дар даври нӯҳуми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки 3-юми октябр дар шаҳри Батумии Гурҷистон баргузор шуд, дастаи мардонаи Тоҷикистон бар тими Тайбейи Чин бо ҳисоби 3-1 пирӯз шуд, вале дастаи занонаи Тоҷикистон аз тими Австрия бо ҳисоби 0,5:3,5 шикаст хӯрд.

Дар даври нӯҳуми Олимпиадаи ҷаҳонӣ дар Батуми дастаи мардонаи Тоҷикистон муқобили Тайбейи Чин дар ҳайати Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев, Амин Қобилов ва Алишер Каримов рақобат кард. Ба ҷуз Мустафохоҷа, ки бозиро бохт, се нафари дигар бар рақибонашон пирӯз шуданд.

Дар даври нӯҳум гроссмейстери байналмилалӣ Фаррух Амонатов истироҳат кард. Ӯ дар 8 бозӣ 6 имтиёз ба даст овардааст. Шатранҷбозони дигари тоҷик ҳафт бозӣ анҷом додаанд. Каримов 5 имтиёз, Қобилов 4 имтиёз, Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев 3,5 имтиёз ва Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев 2,5 имтиёз гирифтаанд.

Дар сабқати мардон баъди натиҷагирии даври нӯҳум тими Лаҳистон бо 16 имтиёз дар зинаи аввал ҷойгир шудааст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин, Арманистон ва Инглистон бо 15-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои аз дуюм то панҷум қарор доранд. Дастаи мардонаи Тоҷикистон бо 10 имтиёз дар байни 150 кишвар дар зинаи 67-ум ҷойгир шудааст.

Мардони шатранҷбози тоҷик дар панҷ бозӣ бар тимҳои Лесото (4-0), Тайланд (3-1), Қатар (3,5-1,5), Умон (3,5-0,5) ва Тайбейи Чин (3-1) ғолиб омада, дар чор бозӣ аз тимҳои Ҷумҳурии Чех (1-3), Нидерланд (0-4), Қазоқистон (1,5-2,5) ва Исландия (1,5-2,5) шикаст хӯрдаанд.

Тими мардонаи Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистон (13 имтиёз, дар ҷойи 18-ум), Узбекистон (11 имтиёз, дар ҷойи 38-ум), Туркманистон (11 имтиёз, дар ҷойи 47-ум) ва пеш аз Қирғизистон (10 имтиёз, дар ҷойи 68-ум) қарор дорад.

Дар ҳайати дастаи занонаи Тоҷикистон дар даври нӯҳум муқобили Австрия танҳо Надежда Антонова бозиашро мусовӣ анҷом дод. Марворид Насриддинзода, Мутриба Ҳотамӣ ва Сабрина Абророва аз рақибонашон мағлуб шуданд. Дар 9 бозӣ Насриддинзода, Антонова ва Ҳотамӣ 5-имтиёзӣ, Абророва 4,5 имтиёз ба даст овардаанд.

Баъди натиҷагирии даври нӯҳум дар сабқати занон тими Чин бо 16 имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад. Украина, Арманистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 15-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дуюм, сеюм ва чорум ҷойгир шудаанд. Русия бо 14 имтиёз дар ҷойи панҷум аст. Тими занонаи Тоҷикистон бо 9 имтиёз дар байни 150 даста ҷойи 65-умро касб намудааст.

Занони шатранҷбози тоҷик дар чор бозӣ бар тимҳои Непал (4-0), Ямайка (4-0), Африқои Ҷанубӣ (2,5-1,5) ва Уругвай (4-0) ғолиб омада, як бозиро бо тими Швейтсария мусовӣ (2-2) кардаанд ва дар чор бозӣ аз тимҳои Чин (1,5-3,5), Канада (1-3), Малайзия (1-3) ва Австрия (0,5-3,5) шикаст хӯрдаанд.

Тими занонаи Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистон (13 имтиёз, дар ҷойи 9-ум), Узбекистон (12 имтиёз, дар ҷойи 20-ум), Туркманистон (12 имтиёз, дар ҷойи 31-ум) ва Қирғизистон (10 имтиёз, дар ҷойи 59-ум) қарор дорад.

Дар даври даҳуми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Батуми имрӯз, 4-уми октябр, тими занонаи Тоҷикистон бо дастаи Тайланд, ки бо 9 имтиёз дар ҷойи 76-ум мебошад, рақобат мекунад. Рақиби тими мардонаи Тоҷикистон дар даври даҳум дастаи Беларус мебошад, ки бо 10 имтиёз дар зинаи 62-юм ҷойгир шудааст.

Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Батуми 6-уми октябр ба поён мерасад. Олимпиадаи ҷаҳониро Федератсиони байналмилалии шоҳмот (FIDE) дар ду сол як маротиба баргузор менамояд. Аввалин Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот соли 1927 доир шудааст.

XS
SM
MD
LG