Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурди мардон ва бохти занони шатранҷбози тоҷик


Фаррух Амонатов
Фаррух Амонатов

Дар даври ҳаштуми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки 2-юми октябр дар шаҳри Батумии Гурҷистон баргузор шуд, дастаи мардонаи Тоҷикистон бар тими Умон бо ҳисоби 3,5-0,5 пирӯз шуд, вале дастаи занонаи Тоҷикистон аз тими Малайзия бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Дар даври ҳаштуми Олимпиадаи ҷаҳонӣ дар Батуми дастаи мардонаи Тоҷикистон муқобили Умон дар ҳайати Фаррух Амонатов, Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Амин Қобилов ва Алишер Каримов рақобат кард. Ба ҷуз Қобилов, ки бозиро мусовӣ анҷом дод, се нафари дигар бар рақибонашон пирӯз шуданд. Амонатов дар 8 бозӣ 6 имтиёз ба даст овардааст. Каримов дар 6 бозӣ 4 имтиёз, Қобилов дар 6 бозӣ 3 имтиёз, бародарон Муҳаммад ва Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаевҳо дар 6 бозӣ 2,5-имтиёзӣ гирифтаанд.

Дар сабқати мардон баъди натиҷагирии даври ҳаштум тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 15 имтиёз дар зинаи 1-ум ҷойгир шудааст. Тими Лаҳистон бо 14 имтиёз дар ҷойи дуюм аст. Дастаи мардонаи Тоҷикистон бо 8 имтиёз дар байни 150 кишвар дар зинаи 81-ум қарор дорад.

Мардони шатранҷбози тоҷик дар чор бозӣ бар тимҳои Лесото (4-0), Тайланд (3-1), Қатар (3,5-1,5) ва Умон (3,5-0,5) ғолиб омада, дар чор бозӣ аз тимҳои Ҷумҳурии Чех (1-3), Нидерланд (0-4), Қазоқистон (1,5-2,5) ва Исландия (1,5-2,5) шикаст хӯрдаанд.

Тими мардонаи Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистон (11 имтиёз, дар ҷойи 25-ум), Туркманистон (11 имтиёз, дар ҷойи 26-ум), Узбекистон (10 имтиёз, дар ҷойи 34-ум) ва пеш аз Қирғизистон (8 имтиёз, дар ҷойи 85-ум) қарор дорад.

Дар ҳайати дастаи занонаи Тоҷикистон дар даври ҳаштум муқобили Малайзия Марворид Насриддинзода ва Мутриба Ҳотамӣ бозиҳояшонро мусовӣ карданд, вале Надежда Антонова ва Сабрина Абророва аз рақибонашон мағлуб шуданд. Дар 8 бозӣ Нариддинзода ва Ҳотамӣ 5-имтиёзӣ, Антонова ва Абророва 4,5-имтиёзӣ ба даст овардаанд.

Баъди натиҷагирии даври ҳаштум дар сабқати занон тимҳои Чин ва Украина бо 14-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дуюм қарор доранд. Дастаи занонаи Тоҷикистон бо 9 имтиёз ҷойи 50-умро касб намудааст.

Занони шатранҷбози тоҷик дар чор бозӣ бар тимҳои Непал (4-0), Ямайка (4-0), Африқои Ҷанубӣ (2,5-1,5) ва Уругвай (4-0) ғолиб омада, як бозиро бо тими Швейтсария мусовӣ (2-2) кардаанд ва дар се бозӣ аз тимҳои Чин (1,5-3,5), Канада (1-3) ва Малайзия (1-3) шикаст хӯрдаанд.

Тими занонаи Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистон (13 имтиёз, дар ҷойи 7-ум), Узбекистон (11 имтиёз, дар ҷойи 16-ум), Туркманистон (10 имтиёз, дар ҷойи 35-ум) ва пеш аз Қирғизистон (8 имтиёз, дар ҷойи 68-ум) қарор дорад.

Дар даври нӯҳуми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Батуми имрӯз, 3-юми октябр, тими занонаи Тоҷикистон бо дастаи Австрия, ки бо 9 имтиёз дар ҷойи 56-ум мебошад, рақобат мекунад. Рақиби тими мардонаи Тоҷикистон дар даври нӯҳум дастаи Тайпейи Чин мебошад, ки бо 8 имтиёз дар зинаи 89-ум ҷойгир шудааст.

Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Батуми то рӯзи 6-уми октябр идома хоҳад кард. Олимпиадаи ҷаҳониро Федератсиони байналмилалии шоҳмот (FIDE) дар ду сол як маротиба баргузор менамояд. Аввалин Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот соли 1927 доир шудааст.

XS
SM
MD
LG