Дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Батумии Гурҷистон ҷараён дорад, баъди натиҷагирии ҳафт даври мусобиқот дар байни 150 кишвар дастаи занонаи Тоҷикистон бо 9 имтиёз дар ҷойи 30-юм ва тими мардона бо 6 имтиёз дар ҷойи 105-ум қарор доранд.
Бузургустод ё гроссмейстери байналмилалӣ Фаррух Амонатов дар ҳафт бозӣ 5 имтиёз ба даст овардааст.
Ба ҳайати дастаи занонаи Тоҷикистон Марворид Насриддинзода, Надежда Антонова, Мутриба Ҳотамӣ ва Сабрина Абророва (капитан Саодат Одинаева) дохиланд. Ҳарчор шатранҷбози тоҷик дар ҳафт бозӣ 4,5-имтиёзӣ ба даст овардаанд.
Баъди натиҷагирии даври ҳафтум дар сабқати занон тими Арманистон бо 13 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Дастаҳои занонаи Чин, Украина, Гурҷистон ва Руминия бо 12-имтиёзӣ дар миёни панҷ кишвари пешсаф дохиланд. Тоҷикистон бо 9 имтиёз ҷойи 30-юмро касб намудааст.
Занони шатранҷбози тоҷик дар чор бозӣ бар тимҳои Непал (4-0), Ямайка (4-0), Африқои Ҷанубӣ (2,5-1,5) ва Уругвай (4-0) ғолиб омада, як бозиро бо тими Швейтсария мусовӣ (2-2) кардаанд ва дар ду бозӣ аз тимҳои Чин (1,5-3,5) ва Канада (1-3) шикаст хӯрдаанд.
Тими занонаи Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистон (11 имтиёз, дар ҷойи 12-ум) ва Узбекистон (10 имтиёз, дар ҷойи 18-ум) ва пеш аз Туркманистон (8 имтиёз, дар ҷойи 51-ум) ва Қирғизистон (6 имтиёз, дар ҷойи 91-ум) қарор дорад.
Дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ дар Батуми дастаи мардонаи Тоҷикистон дар ҳайати Фаррух Амонатов, Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев, Амин Қобилов ва Алишер Каримов (капитан Ҷамшед Исоев) ширкат дорад.
Бузургустод ё гроссмейстери байналмилалӣ Фаррух Амонатов дар ҳафт бозӣ 5 имтиёз ба даст овардааст. Ӯ дар 4 бозӣ пирӯз шуда, 2 бозиро мусовӣ кардааст ва дар як бозӣ мағлуб гаштааст. Алишер Каримов дар 5 бозӣ 3 имтиёз, Амин Қобилов дар 5 бозӣ 2,5 имтиёз, Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев дар 6 бозӣ 2,5 имтиёз ва Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев дар 5 бозӣ 1,5 имтиёз гирифтаанд.
Дар сабқати мардон баъди натиҷагирии даври ҳафтум тимҳои Озарбойҷон, Лаҳистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 13-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои аз 1-ум то 3-юм ҷойгир шудаанд. Тими Арманистон бо 12 имтиёз дар ҷойи чорум аст. Дастаи мардонаи Тоҷикистон бо 6 имтиёз дар байни 150 кишвар дар зинаи 105-ум ҷойгир шудааст.
Мардони шатранҷбози тоҷик дар се бозӣ бар тимҳои Лесото (4-0), Тайланд (3-1) ва Қатар (3,5-1,5) ғолиб омада, дар чор бозӣ аз тимҳои Ҷумҳурии Чех (1-3), Нидерланд (0-4), Қазоқистон (1,5-2,5) ва Исландия (1,5-2,5) шикаст хӯрдаанд.
Тими мардонаи Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистон (10 имтиёз, дар ҷойи 29-ум), Узбекистон (9 имтиёз, дар ҷойи 37-ум), Туркманистон (9 имтиёз, дар ҷойи 39-ум) ва Қирғизистон (8 имтиёз, дар ҷойи 65-ум) қарор дорад.
Дар даври ҳаштуми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Батуми имрӯз, 2-юми октябр, тими занонаи Тоҷикистон бо дастаи Малайзия, ки бо 9 имтиёз дар ҷойи 41-ум аст, рақобат мекунад. Рақиби тими мардонаи Тоҷикистон дар даври панҷум дастаи Умон мебошад, ки бо 6 имтиёз дар зинаи 122-юм ҷойгир аст.
Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Батуми то рӯзи 6-уми октябр идома хоҳад кард. Олимпиадаи шоҳмотро Федератсиони байналмилалии шоҳмот (FIDE) дар ду сол як маротиба баргузор менамояд. Аввалин Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот соли 1927 доир шудааст.