Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду голи беҷавоби футболбозони тоҷик ба мунтахаби Беларус


Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар бозии санҷишӣ дар Минск бар ҳамсолони худ аз Беларус бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Ин бозӣ рӯзи душанбе, 1-уми октябр, дар варзишгоҳи «Торпедо»-и шаҳри Минск барпо гардид. Зарбаҳои нишонраси Далер Ёдгоров (дақиқаи 15-ум) ва Шериддин Бобоев (дақиқаи 57-ум) ба мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон пирӯзӣ овард.

Бозии ҷавобии санҷишӣ миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Беларус ва Тоҷикистон рӯзи чоршанбе, 3-юми октябр, доир мегардад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 19-сола , ки аз 18-уми октябр то 4-уми ноябри имсол дар Индонезия баргузор мешавад, дар гурӯҳи «D» бозӣ мекунад.

Футболбозони ҷавони тоҷик нахустин бозиашонро 20-уми октябр бо дастаи Чин анҷом медиҳанд. Дар даври дувум 23-юми октябр бо ҳамсолони худ аз Малайзия вориди рақобат мешаванд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ 26-уми октябр бо мунтахаби Арабистони Саудӣ рақобат мекунад.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин муборизаро барои медалҳо дар чорякфинал идома медиҳанд. Дар мавриди аз гурӯҳ баромадан мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоӣ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «С» – Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ё Урдун - рақобат мекунад.

Бояд гуфт, ки чор дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 (U-19) ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-20), ки дар Полша (Лаҳистон) барпо мегардад, роҳхат мегирад.

Бозии санҷишӣ

Беларус (U-19) – Тоҷикистон (U-19) – 0:2

Голҳо: Далер Ёдгоров, 15 (0:1). Шериддин Бобоев, 57 (0:2).

Тоҷикистон (U-19): Шоҳрух Қирғизбоев, Ҳусейн Нурматов (Султоншо Мирзоев, 82), Ваҳдат Ханонов (Ҳувайдои Гулмурод, 82), Оятулло Сафаров, Алишер Баротов (Сорбон Авғонов, 70), Шервонӣ Мабатшоев (Манучеҳр Сафаров, 61), Далер Ёдгоров (Наимҷон Иброҳимзода, 70), Эҳсони Панҷшанбе (Саидмухтор Азимов, 82), Кароматулло Саидов (Абдулмуъмин Забиров, 61), Нуриддин Ҳамроқулов (Тоҳир Малодӯстов, 70), Шериддин Бобоев (Шарафҷон Солеҳов, 61).

Сардовар: Антон Лашук (Беларус).

1 октябр. Минск. Варзишгоҳи «Торпедо». 100 тамошоби

XS
SM
MD
LG