Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт дастаи мунтахаб - дар чорякфинали қаҳрамонии Осиё


Дастаи Тоҷикистон ҳангоми бозӣ
Дастаи Тоҷикистон ҳангоми бозӣ

Марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола дар Малайзия ба поён расид ва ҳашт дастаи ширкаткунандаи даври чорякниҳоӣ маълум шуд, ки дар байни онҳо мунтахаби наврасони Тоҷикистон низ ҳаст.

Ёдовар мешавем, рақиби мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола дар Малайзия ғолиби гурӯҳи «В» – мунтахаби Кореяи Шимолӣ - гардид.

Бозии чорякниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Кореяи Шимолӣ ва Тоҷикистон рӯзи якшанбе, 30-юми сентябр, дар варзишгоҳи «Петалинг Ҷая»-и шаҳри Куала-Лумпур соати 20:45 ба вақти маҳаллӣ (17:45 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Дар бозиҳои дигари даври чорякниҳоӣ Ҷопон бо Уммон, Индонезия бо Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ бо Ҳиндустон рақобат мекунанд. Дар мавриди ба нимфинал баромадан мунтахаби Тоҷикистон бо ғолиби ҷуфти Кореяи Ҷанубӣ – Ҳиндустон рӯбарӯ хоҳад шуд. Ғолиби чорякфинал соҳиби роҳхат ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (U-17) мегардад, ки соли оянда дар Перу доир хоҳад шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни наврасони зери 16-сола

Чорякфинал

30 сентябр (якшанбе)

13:30 – Ҷопон Умон. Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил

17:45 – Кореяи Шимолӣ Тоҷикистон. Варзишгоҳи «Петалингая»

1 октябр (душанбе)

13:30 – Индонезия – Австралия. Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил

17:45 Кореяи Ҷанубӣ – Ҳиндустон. Варзишгоҳи «Петалингая»

Нимфинал

4 октябр (панҷшанбе)

13:30 – Ғолиби ҷуфти Ҷопон/Умон Ғолиби ҷуфти Индонезия/Австралия. Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил

17:45 – Ғолиби ҷуфти Кореяи Шимолӣ/Тоҷикистон Ғолиби ҷуфти Кореяи Ҷанубӣиндустон. Варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая»

Финал

7 октябр (якшанбе)

17:45 Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG